Факултети забонҳои Аврупо

Факултети забонҳои Аврупо

Бо ташаккул ёфтани равобити Тоҷикистон бо дигар мамлакатҳои дунё, хусусан баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, зарурати омода кардани кадрҳои баландихтисоси забондону забоншинос, тарҷумон ва омӯзгорон ба миён омад. Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода яке аз мактабҳои олии асосӣ ва пешбари ин самт дар кишвар маҳсуб меёбад. Ҳанӯз аз соли таъсисёбӣ Донишгоҳ (дар аввал Институти педагогии забон ва адабиёти рус (с.1979), баъдан Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (с.1992) ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (с.2009)) дар тайёр кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба бозори меҳнат ва замони муосир саҳми муносиб гузоштааст.

Яке аз факултетҳои калонтарини он факултети забонҳои романию германӣ маҳсуб меёфт, ки дар он донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои тарҷумонӣ ва омӯзгорӣ ба омӯзиши забонҳои англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ ба таълим фаро гирифта мешуданд. Бинобар таваҷҷуҳи зиёди ҷавонон ва интихоби васеи забонҳои англисӣ ва олмонию фаронсавӣ зарурати дар алоҳидагӣ созмон додани факултетҳои алоҳида ба вуҷуд омад. Бо пешниҳоди раёсати Донишгоҳ аз 1-уми сентябри соли 2019 дар заминаи факултети забонҳои романию германӣ факултетҳои забони англисӣ ва забонҳои Аврупо таъсис ёфтанд.

Баъд аз таъсисёбӣ самтҳои омӯзиши забонҳо ва тахассусҳо васеъ гашта, айни замон, дар факултети забонҳои Аврупо вобаста ба самти таълим донишҷӯён аз рӯи 8 ихтисос:

  • Забони фаронсавӣ. Минтақашиносӣ,
  • Забони олмонӣ. Минтақашиносӣ,
  • Забони фаронсавӣ. Забони англисӣ,
  • Забони олмонӣ. Забони англисӣ,
  • Забони итолиёвӣ. Забони англисӣ (омӯзгор),
  • Забони итолиёвӣ. Забони англисӣ (тарҷумон),
  • Забони Испанӣ. Забони англисӣ (омӯзгор),
  • Забони олмонӣ (омӯзгор)

бо 7 забон (забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва забонҳои русӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, итолиёвӣ, испанӣ ва англисӣ) дар зинаи бакалавриат ва аз рӯйи ихтисоси “Забони олмонӣ. Минтақашиносӣ бо касби тарҷумони забони олмонӣ. Минтақашинос”, “Забони олмонӣ. Забони англисӣ (омӯзгор)” дар зинаи магистратура ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки ба шогирдон ҳайати профессорон, дотсентон ва муаллимони калону ассистентони собиқадори соҳаи илму маорифи кишвар тадрису таълим медиҳанд.

Аз соли таъсисёбии факултет (с. 2019) роҳбарии онро номзади илмҳои филологӣ Каримов Амонулло Файзуллоевич ба уҳда дошт. Айни ҳол, Ҳалимова Маҳбуба Сафаралиевна, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, ки яке аз мутахассисони забони олмонии Донишгоҳ маҳсуб меёбад, декани факултет мебошад. 

Сохтори факултет иборат аст аз садорати факултет, Шурои олимони факултет, Шурои илмӣ-методии факултет, Шурои кураторон, Шурои занон ва духтарон, созмони ҷавонон, кафедраҳои амалкунанда,  маркази рушди забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ.

Факултетро бори аввал соли 2020 48 нафар хатм кард. Соли 2021 64 нафар, соли 2022 71 нафар, соли 2023 61 нафар, соли 2024 75 нафар, соли 2025 37 нафар хатм намуданд, ки дар сохтору идораҳои гуногуни давлативу ғайридавлатӣ фаъолият менамоянд. Қисми дигар барои идомаи таҳсил дар зинаи магистратура ва докторантура дар дохил ва хориҷи кишвар ба таълим фаро гирифта шудаанд. Айни замон дар факултет 28 гуруҳи академӣ бо теъдоди 576 нафар донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудааст.

Дар факултет шуроҳои олимон, илмӣ-методӣ фаъолият менамоянд, ки масъалаҳои мубрами таълиму тарбия ва илмро мавриди баррасиву муҳокима қарор медиҳад. Ҷаласаи шурои олимон моҳе як маротиба ва ҷаласаи шурои илмӣ-методӣ дар ду моҳ як маротиба баргузор мегардад, ки аз натиҷаи он суратҷаласа ва маълумотномаву гузориш ва ғайра таҳия гардида, дар ҷузвдони алоҳида нигоҳ дошта мешавад.

Дар баробари дигар масъалаҳо, тақсимоти сарбории омӯзгорон ва ҳолати иҷроиши он дар ҷаласаҳо мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода мешавад.

Ҳалимова Маҳбуба Сафаралиевна

Вазифа: Декани факултет;
Дараҷаи илмӣ: Номзади илмҳои филологӣ;
Унвони илмӣ: Дотсент;
Тахассус: Омӯзгори забони олмонӣ;

Меликов Фарҳод Лақайбекович

Вазифа: Сармушовири академии факултет;
Дараҷаи илмӣ: Доктор аз рӯи ихтисос (PhD);
Тахассус: Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик;

Салихова Шаҳноза Санҷаровна

Вазифа: Коргузори факултет;
Дараҷаи илмӣ: Магистр;
Тахассус: Омӯзгори забони англисӣ;

Дар назди факултети забонҳои Аврупо айни замон ду кафедра амал менамояд.

Кафедраи забонҳои романӣ-германӣ

Кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ

Ихтисосҳои зинаи бакалавриат

Ихтисосҳои зинаи магистратура

Маркази рушди забони олмонӣ ва фаронсавӣ

Маркази рушди забони олмонӣ ва фаронсавӣ маркази таълимие мебошад, ки ба омӯзиши забон ва фарҳанги Олмону Фаронса бахшида шудааст. Ҳадафи асосии марказ баланд бардоштани сатҳи дониши забонии олмониву фаронсавӣ миёни донишҷӯён ва омӯзгорон, рушди малакаҳои гуфтугӯ, хондан, шунидан ва навиштан, инчунин таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва таълимӣ миёни Тоҷикистон, Олмон ва Фаронса мебошад.

Дар марказ омӯзиш аз рӯи дараҷаҳои байналмилалӣ (A1 то C1) гузаронида мешавад. Барномаҳои таълимӣ мувофиқи меъёрҳои стандартӣ амал мекунанд. Марказ дорои зиёда аз 100 китоби таълимиву бадеӣ аст.

Марказ аз 26-уми апрели соли 2024 то ҳол фаъолият мекунад.