Бахши таҷрибаомӯзӣ ва карера
Мирсаидова Гулизор Талабовна
Вазифа: Роҳбари бахши таҷрибаомӯзӣ ва карера;
Тахассус: Омӯзгори муносибатҳои байналхалқӣ;
Телефон: (+992) 988 25 58 20;
Нишонии электронӣ: gmirsaidova@internet.ru;
Юсупова Азиза Қаҳрамоновна
Вазифа: Мутахассиси бахши таҷрибаомӯзӣ ва карера;
Тахассус: Омӯзгори забони чинӣ;
Телефон: (+992) 988 87 16 04;
Нишонии электронӣ: azizahsk@mail.ru;
Бахши таҷрибаомӯзӣ ва карераи Донишгоҳ бо Қарори Шурои олимони Донишгоҳ аз 30 ноябри соли 2011, № 4 бо фарогирии ду воҳиди корӣ – роҳбари бахш ва мутахассис таъсис дода шудааст. Бахши таҷрибаомӯзӣ ва карера мувофиқи сохтори Донишгоҳ дар тобеияти раёсати таълим қарор дорад. Бахши номбурда дорои низомнома буда, тибқи он фаъолият менамояд.
Бахши таҷрибаомӯзӣ ва карераи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо 29 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе, 2 донишгоҳ (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгорӣ ба номи С. Айнӣ), Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва 18 корхонаву ташкилоти давлатӣ шартномаи дуҷониба дорад. Бахши мазкур Донишҷӯёни 8 факултет ва шуъбаи таҳсилоти фосилавии Донишгоҳро ба таҷрибаомӯзӣ фаро мегирад. Вазифаи бахши таҷрибаомӯзӣ ва карера аз сафарбар намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии таълимӣ, омӯзгорӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ ва назорати ҳузури таҷрибаомӯзони ҷавони Донишгоҳ ба макони сафарбаршуда мебошад.
Самтҳои асосии фаъолияти бахши таҷрибаомӯзӣ ва карера
Таҷрибаомӯзӣ як қисми асосии ҷараёни таълим ба шумор рафта, фаъолияти он ба мустаҳкам намудани донишҳои назариявии касбии азхудкардаи донишҷӯён дар раванди таҳсил ва касб кардани малакаю маҳорати корбурди амалии онҳо равона шудааст.
Мақсади таҷрибаомӯзӣ аз баланд бардоштани маҳорати тахассусии донишҷӯён дар асоси омӯзиши таҷрибаи корӣ дар муассиса, мактаб, ташкилот, корхона, дар чорабиниҳои мактабӣ ва ҳосил шудани малакаи касбӣ дар мутахассисони оянда иборат аст.
Намуд ва муҳлати таҷрибаомӯзӣ аз рӯйи стандарти таълимӣ ва нақшаҳои таълимӣ муайян карда шуда, бо барномаҳои таҷрибаомӯзӣ аз тарафи кафедраҳо коркард ва муайян мегардад.
Роҳбарӣ барои ташкил ва гузаронидани таҷрибаи омӯзгорӣ ба уҳдаи муовини ректор оид ба таълим, сардори раёсати таълим, роҳбари бахши таҷрибаомӯзӣ ва карера, декани факултет, мудирони кафедраҳои методикаи таълими фанҳои тахассусӣ ва кафедраҳои умумидонишгоҳии самти педагогӣ ва психологии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вогузор мешавад. Роҳбари таҷрибаи омӯзгорӣ ё истеҳсолӣ аз рӯйи сохтори таъиншудаи ташкилоти педагогӣ вазифаҳояшро иҷро мекунад.
Барномаҳои таҷрибаомӯзӣ якҷоя бо кафедраҳое, ки масъули ташкилу гузаронидани таҷрибаомӯзӣ мебошанд, таҳия мешаванд. Масъалаҳое, ки аз рӯйи тахассуси омодасозии мутахассисон ба барнома дохил карда мешаванд, баъд аз мувофиқа бо кафедраи тахассусӣ, роҳбари таҷрибаомӯзии истеҳсолии Донишгоҳ ва баррасӣ дар комиссияи махсуси методӣ ихтисосҳо аз тарафи муовини ректор оид ба таълим тасдиқ карда мешаванд. Дар мавридҳои зарурӣ барномаҳои таҷрибаомӯзӣ бо вазоратҳо, идораю корхонаҳо ва як ё якчанд муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи касбу ихтисос мувофиқа карда мешаванд.
Барномаҳои таҷрибаомӯзӣ бояд ба талаботи вижагиҳои ихтисоси мутахассисон мувофиқат кунанд, махсусиятҳои ихтисосро ба назар гиранд ва комёбиҳои навтарини илм ва истеҳсолотро инъикос намоянд. Бинобар ин, онҳо бояд мунтазам (на камтар аз як маротиба дар 5 сол) таҷдиди назар ва такмил дода шаванд.