Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода озмунҳои донишгоҳии “Чакомаи гесу” ва “Донишҷӯдухтари ҳунарманди сол” бо ҳадафи тарғиби фарҳангу ҳунарҳои миллӣ ва эҳёи суннатҳои неки ниёгон идома доранд.
Чорабинии навбатии фарҳангӣ имрӯз дар фазои бошукуҳу идона бо иштироки ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Гулназарзода Жило, ҳунармандони маъруф Муҳаррама Шарифова ва Иззат Шарифӣ, инчунин, омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.
Масъулияти баргузории бахши навбатии озмунро факултети забонҳои Аврупо ва факултети забон ва адабиёти рус ба уҳда доштанд. Иштирокчиён дар доираи озмун фарҳангу ҳунар, расму ойин ва арзишҳои миллии тоҷиконаро бо маҳорати баланд муаррифӣ намуданд. Донишҷӯдухтарон бо либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати суханварӣ ва тарзи муаррифии анъанаҳои мардумӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба худ ҷалб карданд.
Ректори Донишгоҳ, профессор Гулназарзода Жило зимни суханронӣ баргузории чунин озмунҳоро омили муҳимми арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, эҳёи суннатҳои мардумӣ ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии ҷавонон арзёбӣ намуд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо қироати шеър, иҷрои таронаҳои дилнишин, рақсу суруд ва саҳнаҳои ҷолиби ҳунарӣ рангу таровати тоза гирифта, ба маҳфил шукуҳи хос бахшид.





