Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ

Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ

Аминов Фирӯз Саидмирзоевич

Вазифа: Мудири шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ;
Дараҷаи илмӣ: Номзади илмҳои филологӣ;
Унвони илмӣ: Дотсент;
Тахассус: Муаллими забони англисӣ;
Нишонии электронӣ:  firuz-aminov1982@mail.ru;

Сайфуллоев Самад Исматуллоевич

Вазифа: Сармутахассиси шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ;
Тахассус: Ҳуқуқшинос;
Телефон: (+992) 988 08 58 89;
Нишонии электронӣ: sayfulloev89@mail.ru;

Шуъбаи таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо қарори Шурои олимон №3/4-2 аз 26.10.2017 бо фарогирии се воҳиди корӣ (мудири шуъба, сармутахассис ва мутахассис) дар партави амалисозии ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст. Чунон ки зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ аз 30.08.2017 Пешвои миллат фармудаанд: “Имрӯзҳо вақти он расидааст, ки ба усули анъанавии таҳсили ғоибона хотима бахшида, таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда шавад. Дар шароити имрӯза раванди таълиму тадрисро бе истифодаи васеи воситаҳои техникӣ ва технологияҳои муосир тасаввур кардан ғайриимкон аст”.

Таҳсилоти фосилавӣ – тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ мебошад, ки таълимро дар масофа бе иштироки шахсии омӯзгор ва донишҷӯён имконпазир мегардонад.

Таҳсилоти фосилавӣ зинаи нави рушди шакли таҳсили ғоибона маҳсуб меёбад, ки фаъолияти он бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ таъмин шудааст. Фарқи он аз намуди ғоибонаи таҳсил дар он аст, ки қисми зиёди маводди таълимӣ дар пайвастагӣ ва муносибат бо омӯзгор (машварат бо воситаи почтаи электронӣ, скайп, семинарҳо дар режими оnline) аз худ мешавад.

Шарти асосии ворид шудан ба низоми фосилавӣ мушаххас намудани рамз ва номи (парол ва логини) ҳар истифодабаранда мебошад, ки ба ин восита метавонад аз имконоти мавҷуда истифода намояд.

Низоми таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар шабакаи ҷаҳонии интернет  (fosilavi.ddzt.tj) фаъолият намуда, барои донишҷӯён имконияти саривақт ва бемонеа дастрас намудани маълумоти заруриро фароҳам месозад.

Омӯзгорони Донишгоҳ  имкон доранд, ки барои донишҷӯ тавассути ин низоми фосилавӣ дарсҳои назариявию амалӣ ташкил намоянд ва дар ҳолатҳои зарурӣ мубоҳисаҳо созмон диҳанд. 

Ҳангоми ворид шудан ба низоми фосилавӣ тавассути интихоби рамз ва номи шахсӣ донишҷӯ ба саҳифаи хеш (ҳуҷраи инфиродӣ) дохил мегардад ва имкони шиносоиро бо маълумоти зарурӣ пайдо менамояд.

Низоми барномавии мазкур ба донишҷӯён имкониятҳои зеринро фароҳам меоварад:

  1. Алоқаи доимӣ бо устод, имконияти машварати фаврӣ дар хусуси саволҳои пайдошуда бо истифодаи воситаҳои телекоммуникатсионӣ (почтаи электронии дохилӣ, skype, захирагоҳҳои маҷозӣ (облако) ва ғайра);
  2. Дастрасии маводи назариявӣ ва амалӣ дар шакли электронӣ (рӯнамоҳои тасвирӣ ва садодор, лаҳзаҳои видеоии дарс);
  3. Имконияти ташкили мубоҳиса, ҳамоишҳо, корҳои якҷоя бо гурӯҳ дар вақти омӯзиши курс дар ҳар лаҳзаи зарурӣ;
  4. Шиносоӣ бо нақша, силлабусу барномаҳои таълимӣ ва ҷадвалҳои гузаронидани навъҳои гуногуни дарсҳо;
  5. Огоҳӣ пайдо намудан аз натиҷаи раванди азхудкунии барномаҳои таълимӣ ва санҷишу имтиҳонот (баҳо);
  6. Истифода бурдан аз китобхонаи электронӣ ва адабиёти ҳатмӣ.
  7. Муайян намудани хол аз рӯйи фанҳо барои нимсолаи ҷорӣ ва гузашта;
  8. Иваз намудани маълумот (профил) дар бораи худ (ба монанди рамзи воридшавӣ, расм ва баъзе маълумоти иловагӣ).

Омӯзгор ҳангоми воридшавӣ ба саҳифаи худ (ҳуҷраи инфиродӣ) дар низоми  барномаи мазкур бо доштани ном ва рамзи махсус кор бурда метавонад. 

Дар саҳифаи омӯзгор мувофиқи сарбории таълимии ӯ рӯйхати фанҳое, ки дар даврҳои академии муайян ҷудо шудаанд, мавҷуд ҳастанд. Омӯзгор бояд дар вақтҳои муайян тибқи талаботи барномаи таълимӣ ва барномаи таҳсилоти фосилавӣ (MOODLE) барои гурӯҳи интихобшуда маводди таълимии худро дохил намояд.

Барномаи мазкур барои омӯзгорон чунин имкониятҳоро фароҳам сохтааст:

  1. Иваз намудани маълумотномаи (профил) худ (ба монанди рамзи воридшавӣ, расм ва баъзе маълумоти иловагӣ).
  2. Гузоштани ахбор ё эълони нав дар гурӯҳи худ.
  3. Тартиб додан ва сабт намудани маводди тестӣ барои имтиҳони ниҳоӣ.
  4. Тартиб додан ва сабт намудани маводди тестӣ барои санҷишҳои ҷорӣ.
  5. Ташкил ва гузаронидани ҳамоишҳо дар гурӯҳи худ.
  6. Гузаронидани лексияҳо ҳам дар шакли on-line ва ҳам off-line.
  7. Шиносоӣ бо реҷаи дарсҳо дар барнома.
  8. Таҳияи феҳристи адабиёти тавсиявӣ.
  9. Истифода бурдан аз китобхонаи электронӣ.
  10. Огоҳӣ пайдо намудан аз хабарҳои тоза дар барнома.
  11. Тартиб додан ва ворид намудани мисолу масъалаҳо дар барнома.

Низоми таҳсилоти фосилавӣ ин шакли васеъ ва озмудашудаи самаровар нисбат ба таҳсилоти ғоибона мебошад, аз он ҷумла, барои гирифтани маълумоти дуюм ва барои он шахсоне, ки имконияти таҳсил дар шакли таҳсили рӯзонаро надоранд, пешбинӣ гардидааст.

Ихтисосҳои амалкунандаи шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ:

  1. Забон ва адабиёти тоҷик;
  2. Забон ва адабиёти тоҷик. Психологияи амалӣ;
  3. Забон ва адабиёти тоҷик. Забон ва адабиёти узбек;
  4. Таҳсилоти томактабӣ. Забони тоҷикӣ;
  5. Таҳсилоти томактабӣ. Забони русӣ;
  6. Таҳсилоти ибтидоӣ. Забони русӣ;
  7. Забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ;
  8. Психологияи амалӣ;
  9. Таҳсилоти ибтидоӣ. Забони англисӣ;
  10. Ҳуҷҷатнигорӣ ва таъмини иттилоотии идора;