Шуъбаи таҳлил ва иттилоот

Шуъбаи таҳлил ва иттилоот

Раҷабализода Шаҳло Раҷабалӣ

Вазифа: Мудири шуъбаи таҳлил ва иттилоот;
Дараҷаи илмӣ: Номзади илмҳои филологӣ;
Телефон: (+992) 98 101 86 86;
Нишонии электронӣ: javoni1986@mail.ru;

Қаюмов Шаҳзод Азимович

Вазифа: Мутахассиси шуъбаи таҳлил ва иттилоот;
Телефон: (+992) 937 57 87 07;
Нишонии электронӣ: shakhzod.kayumov.99@mail.ru;

Шуъбаи таҳлил ва иттилоот яке аз воҳидҳои таркибии сохтори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба ҳисоб рафта, бо қарори Шурои олимон №6/4-3 аз 31 январи соли 2019 бо фарогирии ду воҳиди корӣ (роҳбар ва мутахассиси шуъба) ташкил гардидааст.

Мақсади асосии ташкили шуъбаи таҳлил ва иттилоот муаррифии Донишгоҳ (тавассути рӯзнома, сомонаи расмӣ, сафиҳаи расмии Донишгоҳ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук), таҳрири мақолаҳо, фишурдаҳо ва дигар маводи публисистика ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати таълим буда, фаъолияти муассисаро дар саҳифаи расмии Донишгоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз рӯйи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба роҳ мемонад.

Самтҳои асосии фаъолияти таҳлилӣ:

  • паҳн намудани ахбор оид ба ҳаёти илмиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ дар байни ҷомеа;
  • таблиғи фаъолияти илмии олимону докторон, аспирантону магистрантони Донишгоҳ ва муассисаҳои пешқадами илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба самтҳои гуногуни соҳавӣ;
  • ба раёсати Донишгоҳ ҷиҳати бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта андешаю таклифҳо пешниҳод намояд;
  • барои дастрасии умум ба саҳифаи расмии Донишгоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯзнома, маҷаллаи илмӣ ва сомонаи расмии Донишгоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳад;
  • роҳбарӣ ва саривақт доир намудани маҳфили рӯзноманигорони ҷавон “Тулуи сухан”.

Таъмини иттилоотии фаъолият:

  • бахши ҳуқуқ ва манфиатҳои Донишгоҳро ҳифз менамояд, барои махфӣ нигоҳ доштани маълумоте, ки аз ҷониби раёсати Донишгоҳ дар шакли хаттӣ ё шифоҳӣ супорида мешавад, масъулият зоҳир менамояд;
  • шуъбаи таҳлил ва иттилооти Донишгоҳ мунтаззам дар тамоми чорабаиниҳои сатҳи донишгоҳӣ масъул буда, саривақт аз рафти баргузории чорабиниҳо, аз ҷумла конференсияҳо, мизҳои мудаввар, семинару мулоқотҳо ва озмуну барномаҳои фарҳангӣ хабар омода менамояд ва ба саҳифаҳои расмии марбут ба Донишгоҳ пахш менамояд;
  • вобаста ба баргузории конференсия, маҳфилҳои илмӣ – адабӣ, инчунин озмуну олимпиадаҳо саривақт дар саҳифаи расмӣ эълон мегузорад.