Робитаҳои байналмилалӣ

Робитаҳои байналмилалӣ

Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ дар рушди ҳамкориҳои Донишгоҳ, таъмини мубодилаи академӣ, шарикии байналмилалӣ ва ҳамгироӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот нақши калидӣ мебозад. Ҳадафи он таҳкими мавқеи Донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ ва фароҳам овардани имкониятҳо барои донишҷӯён ва омӯзгорон дар соҳаҳои маориф, илм, ва табодули фарҳангӣ мебошад. Раёсат бо донишгоҳҳои пешрафтаи хориҷӣ, ташкилоту ва муассисаҳои байналмилалӣ фаъолона робита намуда, доираи ҳамкориҳоро васеъ ва густариш медиҳад.

Илова бар ин, раёсати муносибатҳои байналмилалӣ семинарҳо, форумҳо ва фестивалҳои байналмилалӣ ташкил намуда, ба муколамаи байнифарҳангӣ мусоидат менамояд ва ҳамкориҳои глобалиро густариш медиҳанд.

Рушди ҳамкориҳои стратегӣ бо марказҳои пешрафтаи тадқиқотии ҷаҳонӣ ба Донишгоҳ имкон медиҳад, ки дар соҳаи маориф ва илм ба зинаи нав бирасанд.

Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ як маркази динамикию навоваронаест, ки донишгоҳро бо ҷомеаи академии ҷаҳонӣ мепайвандад, барои донишҷӯёну омӯзгорон дурнамои нав ва шароитҳои мусоид фароҳам меорад.

Гадоев Каримҷон Хайруллоевич

Вазифа: Сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ;
Телефон (WhatsApp, WeChat, Telegram): (+992) 983 888 111
Телефони корӣ: (+992 237) 232 50 23
Почтаи электронӣ: int.relations@dbz.tj;

Мусоева Саодат Аламхоновна

Вазифа: Мудири шуъбаи таҳияи лоиҳаҳо ва кор бо грантҳои хориҷӣ;
Телефон (WhatsApp, Telegram): (+992) 0000 977 43
Почтаи электронӣ: int.relation.dbz@mail.ru;

Туманов Саидмуддасир Сайдалиевич

Вазифа: Сармутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ;
Телефон (WhatsApp, Telegram): (+992) 985 53 80 50
Почтаи электронӣ: int.relation.dbz@mail.ru;

Салимзода Парвиз Хатлонӣ

Вазифа: Мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ;
Телефон (WhatsApp, Telegram): (+992) 55 010 0005
Почтаи электронӣ: int.relation.dbz@mail.ru;

Дохилшавӣ ба Донишгоҳ барои довталабони хориҷӣ як қадами муҳим аст ва Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ дар ҳар марҳилаи ин раванд довталабонро дастгирии ҳамаҷониба менамояд. Донишгоҳ доираи васеи барномаҳои таълимиро дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура, аз ҷумла барномаҳои омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, русӣ, англисӣ ва дигар забонҳо пешниҳод мекунад. Донишҷӯёни оянда бояд талаботҳои забон, муваффақияти таълимӣ ва хусусиятҳои барномаи интихобшударо ба назар гиранд. Раёсат оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, гирифтани раводиди донишҷӯӣ ва мутобиқ шудан ба раванди таълим, фароҳам овардани шароити мусоид барои донишҷӯёни хориҷӣ маслиҳату машваратҳо медиҳад.

Интихоби ихтисос дар таҳсили бомуваффақият ва касби оянда нақши калидӣ дорад. Донишгоҳ барномаҳои равияи гуманитарӣ ва иҷтимоиро пешниҳод мекунад, ки ба талаботи муосири бозори меҳнат нигаронида шудаанд. Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки нақшаҳои таълимӣ, дурнамои тахассус ва имкониятҳои ҳаракати академиро пешакӣ омӯзанд. Аксарият барномаҳо таҷрибаомӯзӣ, лоиҳаҳои илмию тадқиқотӣ, корҳои мустақилона ва иштирок дар мубодилаи академии байналмилалиро дар бар мегиранд, ки ин рақобатпазирии хатмкунандагонро ба таври назаррас афзоиш медиҳад. Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ба донишҷӯён тавассути пешниҳоди маълумот дар бораи соҳаҳои маъмултарин ҳангоми интихоби ихтисосҳо кӯмак мекунад.

Раванди қабул ба Донишгоҳ якчанд қадамҳои муҳимро дар бар мегирад. Довталабони хориҷӣ бояд бастаи ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла шаҳодатномаи хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ё диплом, натиҷаҳои имтиҳони забон (масалан, IELTS, TOEFL ё имтиҳони дохилии донишгоҳ), мактуби ҳавасмандӣ ва тавсиянома ҷамъоварӣ кунанд. Муҳим аз ҳама, мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро ба назар гирифта, саривақт ба комиссияи қабул (намояндаи Донишгоҳ вобаста донишҷӯёни хориҷӣ) бо бастаи ҳуҷҷатҳо мебояд муроҷиат намуд. Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ роҳнамои муфассалро оид ба пур кардани варақаҳо, пешниҳоди дархостҳо, инчунин маслиҳатҳо оид ба манзили зист дар хобгоҳи донишҷӯёнро пешниҳод мекунад.

Пас аз қабул, донишҷӯёни хориҷӣ ҳамаҷониба дастгирӣ карда мешаванд. Донишгоҳ барномаҳои мутобиқсозӣ, курсҳои забони тоҷикӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва машваратҳои академиро ташкил намуда, донишҷӯёни хориҷиро бо шароити таҳсил дар донишгоҳ ва будубош дар хобгоҳи донишҷӯёни донишгоҳ шинос карда мешаванд. Дастрасӣ ба китобхонаи анъанавӣ ва электронии донишгоҳ, марказҳои амалкунанда, иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалии таълимӣ ба донишҷӯён дастрас хоҳад шуд. Дари Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ҳамеша барои донишҷӯён боз аст ва дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳои марбут ба таҳсил, ҳамгироӣ ба муҳити донишгоҳ ва рушди касб кумак мерасонад.

Аз 12 забон ва 50 ихтисосҳои амалкунандаи зинаҳои бакалавриат, магистратура, докторантура (Phd) ва курсҳои забономӯзӣ якеро интихоб намуда, дар донишгоҳ ба таҳсил оғоз намоед.

ЗИНАИ БАКАЛАВР

Аз рӯи ҳамаи забонҳои омӯхташаванда дар зинаи бакалавр 44 ихтисос амал мекунад. Аз ин шумора таҳсил дар 40 ихтисос 4 сол ва дар 4 ихтисоси ҳамгиро 5 сол ба нақша гирифта шудааст. 

ЗИНАИ МАГИСТРАТУРА

Дар зинаи магистратура аз рӯи 15 ихтисос мутахассис омода карда мешавад. Таҳсил дар ҳама ихтисосҳои амалкунандаи зинаи магистратура 2 сол ба нақша гирифта шудааст. 

САМТҲОИ ТАҲҚИҚОТ ДАР ЗИНАИ ДОКТОРАНТУРА (доктор аз рӯи ихтисос PhD)

Дар зинаи докторантура (доктор аз рӯи ихтисос PhD)-и Донишгоҳ 8 ихтисос амал карда, аз рӯйи 2 ихтисос Шурои диссертатсионӣ амал мекунад. Баъди хатми зинаи магистратура яке аз самтҳои таҳқиқотро интихоб намуда, давоми 3 сол ба таври ройгон ё шартномавӣ метавон таҳсил кард. Дар ин муддат таҳқиқоти илмӣ анҷом дода, ҳамзамон мебояд ба таҳия ва чопи мақолаҳои илмӣ ва иштирок дар чорабиниҳои илмӣ машғул шуд.

ТОҶИКӢ

ТОҶИКӢ

ФОРСӢ

فارسی

РУСӢ

РУССКИЙ

АНГЛИСӢ

ENGLISH

ОЛМОНӢ

DEUTSCH

ФАРОНСАВӢ

FRANÇAIS

ЧИНӢ

中国人

ҶОПОНӢ

日本語

КУРИЁӢ

한국인

АРАБӢ

عربي

ҲИНДӢ

हिंदी

УЗБЕКӢ

O'zbekcha

Барои дохил шудан ба донишгоҳ ва таҳсил кардан дар зинаҳои бакалавриат, магистратура, докторантура (Phd) ва курсҳои забономӯзӣ, донишҷӯёни хориҷӣ бояд дар бораи қоидаҳои таҳсил дар донишгоҳ, шароит ва нархномаи таҳсил, гирифтани виза ва зиндагӣ кардан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дошта бошанд.

Ҳамасола донишҷӯёни зиёди хориҷӣ дар зинаҳои гуногуни донишгоҳ таҳсил намуда, дар баробари забономӯзӣ, касб гирифта, бо ҳаёти ҷобили донишҷӯёни донишгоҳ ҳамроҳ мешаванд. Инчунин, дар рафти таҳсил аз ҷойҳои тамошобобу таърихии Тоҷикистон дидан карда, бо таассуроти баланд ба кишвари худ бармегарданд.

Шумо низ метавонед Донишгоҳи моро интихоб намоед, забон омӯзед ва ҳаёти худро ҷолиб созед.

Маркази омӯзиши забонҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ яке аз зерсохторҳои Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Ҳадафи он ташкил намудани курсҳои омӯзиши забонҳои омӯхташавандаи донишгоҳ барои шаҳрвандони кишварҳои хориҷ мебошад.

Ҳар як нафаре, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ майл дошта, дар баробари ин мехоҳад бо фарҳангу маданияти мардуми тоҷик ошноӣ пайдо намояд, метавонад ба Донишгоҳ ё ба мутахассисони Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ муроҷиат намояд.

Таълими забонҳо аз ҷониби омӯзгорони соҳибтаҷриба ва соҳибзабонон роҳандозӣ мегардад. Забономӯзон метавонанд ба таври инфиродӣ ё дар гуруҳҳо ба омӯзиши забонҳо машғул шаванд. Айни замон шаҳрвандони кишварҳои хориҷ бештар барои омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва русӣ муроҷиат намуда, ин забонҳоро дар як муттади кӯтоҳ хеле хуб азхуд мекунанд. 

Донишгоҳ бо 60 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик, муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои хориҷии дар Тоҷикистон амалкунанда ёддошти тафоҳум, созишномаҳо ва шартномаҳо ба имзо расонида, ҳамкориҳои таълимӣ, илмӣ ва фарҳангиро ба роҳ мондааст.

Муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон

ШАРИКОНИ МО АЗ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

ШАРИКОНИ МО АЗ ҶУМҲУРИИ БЕЛОРУСИЯ