Раёсати тарбия

Ғафуров Маҳмадсаид Раҳмонович
Вазифа: Сардори раёсати тарбия ;
Телефон (WhatsApp, Telegram): +992003222450;
Нишонии электронӣ: gafurovmuhammad014@gmail.com;

Ҷамшедзода Дилноза Ҷамшед
Вазифа: Сармутахассиси раёсати тарбия;
Телефон (WhatsApp, Telegram): +992870633131;
Нишонии электронӣ: dnabotov35@gmail.com;
Раёсати тарбияи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода яке аз зерсохторҳои калидӣ ва муассири Донишгоҳ ба шумор рафта, фаъолияти он дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф», Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Консепсияи милии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Оинномаи Донишгоҳ” ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст.
Мақсад ва самтҳои фаъолият
Раёсати тарбия фаъолияти асосии худро ба самтҳои зерин равона мекунад:
- Тарғибу ташвиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии –Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба илму маориф, таълиму тарбия ва фарҳангу маънавиёт;
- Баланд бардоштани худшиносӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон;
- Тарбияи маънавию ахлоқӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ;
- Тарғиби тарзи ҳаёти солим ва густариши маърифати сиёсию ҳуқуқӣ.
Раёсати тарбия дар доираи нақшаи корӣ ва нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ доир ба масъалаҳои муҳимму мубрами замони муосир чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва тарбиявиро дар шаклҳои гуногун ташкил мекунад:
- Конференсияҳо ва мизҳои мудаввар;
- Семинарҳо ва дарсҳои кушоди тарбиявӣ;
- Озмунҳо ва маҳфилҳои илмию фарҳангӣ;
- Намоишҳо ва чорабиниҳои театрикунонидашуда.
Вазифаҳои асосии раёсати тарбия:
- Таҳкими тартиботи дохилӣ ва таъмини раванди муътадили таълиму тарбия байни муҳассилин.
- Шинос намудани донишҷӯён ва омӯзгорон бо дастурҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ.
- Ҷалб ва дастгирии кормандон ва донишҷӯён дар чорабиниҳои гуногунсатҳ.
- Ташкили корҳои ободонию созандагӣ дар муҳити Донишгоҳ, хобгоҳ ва баргузор намудани шанбегиҳои дастаҷамъона.
- Ҷалби донишҷӯён ва омӯзгорон ба чорабиниҳои фарҳангӣ.
- Баргузор намудани вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва собиқадорони ҷангу меҳнат.
- Ташкил ва назорат намудани навбатдорӣ дар хобгоҳ.
- Назорати раванди дарсҳои тарбиявӣ.
- Сафарбар намудани донишҷӯён барои иштирок дар чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ, хонишҳои сиёсӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ.
Зерсохторҳо
Раёсати тарбия дорои зерсохторҳои зерин мебошад:
- Шуъбаи кор бо ҷавонон;
- Бахши кор бо занон ва духтарон;
- Бахши фарҳанг;
- Шурои кураторон;
- Созмонҳои ҷамъиятии факултетҳо;
- Шурои собиқадорони Донишгоҳ.