Рисолати донишгоҳ

Рисолати донишгоҳ

Бо ташаккул ёфтани равобити Тоҷикистон бо дигар мамлакатҳои дунё, хусусан баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, зарурати омода кардани кадрҳои баландихтисоси забондону забоншинос, тарҷумон ва омӯзгорон ба миён омад. Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода яке аз мактабҳои олии асосӣ ва пешбари ин самт дар кишвар маҳсуб меёбад. Ҳанӯз аз соли таъсисёбӣ Донишгоҳ (дар аввал Институти педагогии забон ва адабиёти рус (с.1979), баъдан Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (с.1992) ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (с.2009)) дар тайёр кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба бозори меҳнат ва замони муосир саҳми муносиб гузоштааст.  Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода пайваста барои рушди дониш ва тарбияи ҷавонони фикран ва ҷисман солим, дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, ҳимоятгари қонунҳо, ҳуқуқҳо, заҳматписанду зебопараст, сарфаю сариштакор, ботаҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. 

Ба роҳ мондани чорабинҳои маърифатӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ, шомҳои эҷодӣ дар боғу гулгаштҳо, хобгоҳ, маҳфилҳои шеърхонӣ, китобхонӣ, озмунҳои гуногуни маърифатию зеҳнӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, хонишҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, аксияҳои гуногуни табрикотӣ-ташвиқотӣ, сафарбар намудани донишҷӯён ба маконҳои таърихӣ ва сайёҳӣ аз зумраи корҳои тарбиявие мебошанд, ки дар Донишгоҳ сурат мегиранд.