Дар доираи нақшаи баргузории силсилаи чорабиниҳои идонаи фарҳангии Донишгоҳ бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни факултети забонҳои Аврупо дар боғи устод Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони “Истиқбол аз Истиқлол” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва шоираи ширинсухан Робияи Холмирзо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба фароҳам овардани муҳити созгори фарҳангиву фароғатӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ ва эҷодии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносиву ифтихори миллӣ мусоидат менамояд.
Дар идомаи чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, китоб ва барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон гардид. Аз ҷумла, баромади ҳунармандони ҷавон, қироати шеър, намоиши саҳначаҳои тарбиявӣ ва иҷрои мусиқии зинда фазои чорабиниро боз ҳам ҷолибу хотирмон гардонид.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди идона ҷараён гирифта, иштирокдорон бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ифтихори миллӣ фароғат намуданд.
Дар поёни чорабинӣ барои ҳамкориҳои судманд аз тарафи Кумита ба раёсати Донишгоҳ сипоснома тақдим гардид.





