ДАСТОВАРДИ НАЗАРРАСИ ВАРЗИШӢ ДАР АРАФАИ РӮЗИ ҶАВОНОН

Рӯзҳои 24–25 апрели соли 2026 дар шаҳри Хуҷанд чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштини самбо миёни ҷавонон баргузор гардид, ки дар он варзишгарони ҷавон аз гӯшаву канори кишвар байни ҳам қувваозмоӣ карданд. Дар ин мусобиқа донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода низ иштироки фаъолона доштанд.

Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯи курси дуюми факултети забонҳои Аврупо Қодиров Бобоҷон дар вазни 58 килограм ҳунари баланди варзишӣ нишон дода, бар панҷ рақиби худ пирӯз гардид ва сазовори ҷойи аввал шуд.

Ин дастоварди арзишманд барои варзишгари ҷавон роҳро ба мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ боз намуд. Акнун ӯ имкон дорад дар чемпионати Осиё, ки 20 июни соли 2026 дар Филиппин баргузор мегардад, инчунин, дар чемпионати ҷаҳон, ки 2 октябри соли равон дар Юнон доир хоҳад шуд, иштирок намуда, Парчами давлатии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад.

Роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ ин дастоварди варзиширо ба Қодиров Бобоҷон табрик гуфта, барояш дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ комёбиҳои нав ба нав орзу менамоянд.