Шуъбаи бақайдгирӣ ва машварати академӣ

Шуъбаи бақайдгирӣ ва машварати академӣ

Худоёрбекова Айёра Ошурбековна

Вазифа: Мудири шуъбаи бақайдгирӣ ва машварати академӣ;
Тахассус: Тарҷумон;
Телефон: +992 (37) 237 30 84;
Нишонии электронӣ: ayorakhudoyorbekova@mail.ru;

Одилова Ҳадиса Исроиловна

Вазифа: Сармутахассиси шуъбаи бақайдгирӣ ва машварати академӣ;
Тахассус: Иқтисодчӣ;
Телефон: +992 (37) 237 30 84;
Нишонии электронӣ: h.odilova@mail.ru;

Нусратуллоева Тахмина Нусратуллоевна

Вазифа: Мутахассиси шуъбаи бақайдгирӣ ва машварати академӣ;
Тахассус: Омӯзгори забони русӣ;
Телефон: +992 (37) 237 30 84;
Нишонии электронӣ: takhminhusratulloevna@mail.ru;

Шуъбаи бақайдгирӣ ва машварати академӣ ҳамчун воҳиди сохтори Донишгоҳ фаъолияти донишҷӯёнро дар низоми кредитии таҳсилот ба қайд мегирад ва натиҷаҳои дастовардҳои онҳоро ба раёсати таълим пешниҳод менамояд.

Фаъолияти шуъбаи бақайдгирӣ ва машварати академӣ аз инҳо иборат аст:

  • омода намудани намунаҳо (шаклҳо)-и гуногуни ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии фаъолияти донишҷӯён ва омӯзгорон мувофиқи нақшаҳои корӣ ва инфиродии таълимӣ;
  • ташкили бақайдгирии ҳамасола ва рамзгузории донишҷӯён ҷиҳати омӯзиши фанҳои ҳатмӣ ва интихобӣ, инчунин омӯзгорони дарсдиҳанда бо кумаки эдвайзерҳо;
  • таҳия ва назорати риояи тақвими академӣ;
  • пешниҳоди машваратҳои академӣ ба донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳ доир ба низоми кредитии таҳсилот ва дигар масъалаҳое, ки вобаста ба фаъолияти донишҷӯён ва омӯзгорон мебошанд;
  • ташкил ва назорати татбиқи низоми холгузорӣ-рейтингӣ дар ҷараёни таълим ва сессияҳои имтиҳонӣ;
  • назорати раванди имтиҳоноти ҷорӣ ва ҷамъбастӣ;
  • таъмини донишҷӯён бо ҳуҷҷатҳои зарурии меъёрӣ-ҳуқуқӣ;
  • ҷамъбасти натиҷаҳои имтиҳонот, муайян намудани рейтинги донишҷӯён ва пешниҳоди маълумот ба раёсати Донишгоҳ. Инчунин ҷамъбасти ҳар як давраи академӣ ва муайян намудани баҳои миёна (GPA)-и  ҳар як донишҷӯ ва мувофиқати он ба меъёри муқарраршуда;
  • ба садорати факултетҳо ва сардори раёсати таълим барои таҳлил ва арзёбӣ пешниҳод намудани рӯйхати донишҷӯёне, ки аз фанҳои алоҳида баҳои F ва Ғх гирифтанд ё GPA-и онҳо аз меъёри муқарраршуда паст мебошад;
  • тартибдиҳӣ ва ба расмият даровардани транскрипт (маълумотномаи академӣ, замимаи диплом) барои ҳар як донишҷӯ;
  • ба расмиятдарории нақшаҳои таълимии инфиродии донишҷӯён ва ворид намудани тағийрот ба онҳо дар муҳлатҳои муқарраршуда;
  • омодасозии пешниҳод барои  роҳ додани донишҷӯён ба сессияи имтиҳонот дар асоси натиҷаҳои санҷишҳои рейтингӣ;
  • омодасозии пешниҳод ҷиҳати аз курс ба курс гузаронидани донишҷӯён дар асоси натиҷаҳои сессияҳои имтиҳонот ва сатҳи (GPA)- и онҳо;
  • омода намудани ҳуҷҷатҳои таълимии донишҷӯён барои  ба бойгонии Донишгоҳ супоридани онҳо.