Китобхона

Китобхона

Китобхонаи ДБХЗТ ба номи С.Улуғзода баробари таъсисёбии Донишгоҳ фаъолияти худро оғоз намуда, то имрӯз барои садҳо нафар донишчӯёну устодони Донишгоҳ кӯмаки маънавии худро мерасонад.

Китобхона дар 4 – шуъба:

  • шуъбаи хизматрасонӣ
  • толори хониш
  • Маркази омӯзиши корномаи Пешвои миллат
  • китобхонаи электронӣ фаъолияти худро ба роҳ монда барои дастраснамоии адабиётҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ, илмӣ ва бадеӣ  ба донишҷӯён кумаки амалии худро мерасонад.

Фонди анаъанавии  китобхонаи илмии Донишгоҳ 97687 нусхаро ташкил медиҳад,ки аз ин:

  • Адабиёти умумитаълимӣ: 26847 нусха.
  • Адабиёти тахассусӣ: 30602  нусха.
  • Дастурҳои таълимӣ ва методӣ 5105 нусха.
  • Китобҳои сиёсӣ – 850 номгӯй.

Китобҳои  бадеӣ: 35133 нусха:

  • Бо забони тоҷикӣ – 10339нусха
  • Бо забони русӣ – 78081 нусха
  • Бо забони англисӣ – 4007 нусха
  • Бо дигар забонҳо – 5260 нусха

Дар Маркази омӯзиши корномаи Пешвои миллат: 850 нусха китоб мавҷуд аст.

Фонди китобхонаи электронӣ аз 50108 маводҳои электронӣ иборат аст,  ки аз ин:

  • Китобҳои таълимӣ – 21680 номгӯй
  • Китобҳои бадеӣ – 28320 номгӯй
  • Китобҳои сиёсӣ – 108 номгӯй.

Китобхонаи электрони дорои 31 адад компютер ва 40 ҷой нишаст буда, барои дастрасии маводҳои иттилооти бояд ба  сайти Интернет пайваст бошад то ин ки, муштариён барои дастраснамоии маводҳои лозима имконият дошта бошанд. Дар китобхонаи электронӣ бояд маводҳои лексионӣ, силабусҳо ва барномаҳои таълимии устодони Донишгоҳ ҷой дода шаванд, ки донишҷӯён тавонанд бе маъмоният аз онҳо истифода баранд.

Толори хониши китобхона дорои шароити хуб буда, ҳамарӯза дар хизмати муштариёни китобхона мебошад. Барои дастраснамоии адабиётҳои библиографӣ, илмӣ, таълимӣ, бадеӣ ва дастурҳои методӣ ба хонандагон тамоми имконотро фаро гирифтааст. Дар толори хониш инчунин бастаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ (5 сола) мавҷуд аст, ки аз он бемамоният хонандагон иштирок менамоянд.

Дар китобхонаи Донишгоҳ кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён танҳо пас аз узвият аз китобхона истифода мебаранд. Тибқи қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ ба роҳ монда шуда, китобҳои наву калонҳаҷм танҳо баои истифода дар толори хониш иҷозат дода мешавад. Китобҳои илмӣ ва бадеии дигар аз 2 то 5 рӯз барои истифода ба хона дода мешавад.