ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРҲОИ ОН БА ҶОМЕА

Бо ташаббуси факултети забонҳои Аврупои Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо иштироки ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода ва прокурори калони маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Абдуфаёз Маҳмадамин бо омӯзгорону ҷавонони муассиса доир ба “Терроризм ва экстремизм – хатарҳои он ба ҷомеа” мулоқоти судманд, баргузор гардид.

Дар он ректор, доктори илмҳои филология, профессор Гулназарзода Жило баромад карда, зимни суханронии худ, аз ташаббусу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз намуд, ки дар тайи 35 – соли Истиқоли давлатӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир ноил гардид.

Ректори муассиса иброз дошт, ки ҳифзу нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ, фарҳангу мероси ниёгон, дӯст доштани Ватан ва ба қадри сулҳу субот расидан, вазифаи ҳар як фарди бедордили ин кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳар як ҷавони бедордили кишварро мебояд, ки аз пайи омӯзишу пажуҳиш шуда, баҳри ояндаи хеш бефарқ набояд бошанд.

Ҳамчунин дар идомаи мулоқот прокурори калони маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Абдуфаёз Маҳмадамин сухан карда, аз рушду тараққиёти Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ташаббусҳои созандаву мондагори давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар кард.

Инчунин, қайд намуд, ки ҳифзи Ватан, марзу бум ва ҳуввияти миллӣ барои ҳар як фарди бонангу номус фарз аст. Бояд ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо дода нашуда, ифротгароӣ ва терроризмро қатъият манъ карда, онро маҳкум кунем, ки то ҷавонон фирефтаи онҳо нагарданд.

Ҳамзамон, омӯзгорони кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ номзади илмҳои таърих, дотсент Ҳошимҷон Аслонов дар мавзуи “Ифротгароии динӣ – таҳдид барои давлатдории миллӣ”, муаллими калон Хубоншозода Афруз Хубоншо дар мавзуи “Мубориза бо эктсремизм ва таҷрибаи давлатҳои абарқудрат оиди ин масъала” ва дар қисмати музокира дотсенти ҳамин кафедра Ғайбуло Икромов баромад карда, ҷавононро ба дӯстдоштани миллату давлат, аз даст надодани ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва омӯзишу аз худ кардани забонҳои хориҷӣ даъват намуданд.

Ҳамчунин аз тарафи раёсати Донишгоҳ ба муҳтарам Шарифзода Абдуфаёз Маҳмадамин, чун рамзи эҳтирому ҳамкории судманд, тарҷума бо забони русии китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” – и Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.