БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАЪЛИМӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ АВРУПО

29 октябри соли 2026 дар факултети забонҳои Аврупо бо ибтикори омӯзгори кафедраи забонҳои романӣ – германӣ Ҳувайдо Миров дар гуруҳи таълимии 5102 ТА аз фанни забони олмонӣ дарси кушоди илмӣ дар мавзуи “Феълҳои ёридиҳандаи haben ва sein дар забони олмонӣ” баргузор гардид.

Дар раванди дарси намунавии таълимӣ мудири кафедраи болозикр Муслим Давлатзода, омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд. Мақсади асосии дарс такмил додани донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии донишҷӯён оид ба истифодаи ду феъли ёридиҳандаи haben ва sein, шаклҳои тасрифи онҳо ва нақши ин феълҳо дар сохтани ҷумлаҳои забони олмонӣ буд.

Дар рафти дарс ба такрор ва мустаҳкам намудани донишҳои қаблан азхудкардаи донишҷӯён, инкишофи нутқи шифоҳӣ, баланд бардоштани малакаҳои муошират бо забони олмонӣ ва истифодаи дурусти қоидаҳои грамматикӣ диққати махсус дода шуд.