Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ
Ширинова Бахтинисо Баҳридиновна
Вазифа: Мудири шуъба;
Дараҷаи илмӣ: Номзади илмҳои филологӣ;
Унвони илмӣ: Дотсент;
Тахассус: Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик;
Нишонии электронӣ: ms.bakht@mail.ru
Рустамзода Зарина Рустам
Вазифа: Мутахассиси шуъба
Тахассус: Тарҷумони забони ҷопонӣ;
Телефон: +992 909 09 39 82;
Нишонии электронӣ: zarinaashurmatova99@gmail.com
Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз марказҳои асосии омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ-педагогӣ ба шумор меравад. Соли 2009 бо шуъбаи аспирантура Донишкадаи давлатии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (Иҷозатномаи ВМИҶТ, АУ №000591) дар зертобеи раёсати илм ва инноватсия таъсис ёфта, аввалин довталабонро барои соли таҳсили 2010-2012 қабул кард. Соли 2018 бо Карори Шӯрои олимони Донишкада (30.08.2018, №1) ном (Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогӣ) ва сохтори шуъба тағйир ёфт.
Мақсад ва вазифаҳои шуъба
- Мақсади асосии шуъба ташкил, ҳамоҳангсозӣ, назорат ва амалисозии чорабиниҳо оид ба омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии дараҷаи олӣ дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мувофиқи талаботҳои амалкунанда мебошад.
- Коркард ва таъмини фаъолияти ташкилӣ-методӣ ва меъёрии ҳуқуқии зерсохторҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ оид ба масъалаҳои омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии дараҷаи олӣ дар низоми баъдидипломии таҳсилоти касбӣ;
- Банқшагирӣ ва ташкили омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ;
- Таъминоти ташкилӣ-методӣ ва иттилоотии омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ;
- Ҳамоҳангсозии таълимӣ-илмии омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ва назорат аз болои иҷрои нақшаҳои инфиродии омодакунии онҳо;
- Ҳамкорӣ бо дигар зерсохторҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва шуроҳои диссертатсионӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ.
- Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҷиҳати омода кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ фаъолият худро ба роҳ монда, тибқи нақшаҳои таълимӣ магистрантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯёнро ба корҳои таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб менамояд.
Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар зинаи магистратура аз рӯйи 15 ихтисоси зерин фаъолият менамояд:
| № | Рамз | Номи ихтисос |
| 1. | 1- 020301 | Забон ва адабиёти тоҷик (омӯзгор) |
| 2. | 1- 020302 | Забон ва адабиёти рус (омӯзгор) |
| 3. | 1-230103 | Забони олмонӣ. Минтақашиносӣ |
| 4. | 1-210502-08 | Забони англисӣ (омӯзгор) |
| 5. | 1-210601-02 | Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони хитойӣ) |
| 6. | 1-210601-02 | Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони англисӣ) |
| 7. | 1-210502-08 | Забони хориҷӣ (забони куриёӣ) |
| 8. | 1-230101 | Муносибатҳои байналмилалӣ |
| 9. | 1-210502-08 | Забони хориҷӣ (забони хитойӣ) |
| 10. | 1-020307 | Забони фаронсавӣ. Минтақашиносӣ |
| 11. | 1-210502-08 | Забони хориҷӣ (забони ҷопонӣ) |
| 12. | 1-210601-0015 | Забони арабӣ . Забони англисӣ |
| 13. | 1-1060001-0602 | Забони форсӣ. Забони англисӣ |
| 14. | 1-230101 | Таҳсилоти томактаби. Забони тоҷикӣ |
| 15. | 1-210601-04 | Забони олмонӣ. Забони англисӣ |
Нақшаҳои таълимии зинаи магистратура дар доираи 120 кредити таълимӣ бо фарогирии фанҳои заминавӣ (24 кредит), тахассусӣ (36 кредит), шаклҳои дигари корҳои таълимӣ ва илмӣ (60 кредит) пешбинӣ шудаанд, ки тибқи он магистрантон ба корҳои таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб карда шудаанд.