Шуъбаи тайёрӣ

Шуъбаи тайёрӣ

Мирзоев Зоҳир Зокирович

Вазифа: Мудири шуъбаи таёрӣ;
Тахассус: Ҳуқуқшинос;
Телефон: (+992) 928 34 36 92

Бахши курсҳои тайёрӣ дар Донишгоҳи байналмилали забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз моҳи сентиябри соли 2012 фаъолият мекунад. Дарсҳо дар тули ҳафта панҷ рӯз гузаронида мешаванд. Дар курсҳои мазкур тибқи талаботи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи кластери се дар тули шаш моҳи хониш ба шунавандагон  фанҳои забони тоҷикӣ, адабиёт, таърихи халқи тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, математика ва ҳуқуқи инсон омӯзонида мешаванд. Дар ҷамъбасти сол довталабон аз фаннҳои номбурда ба тариқи тестӣ имтиҳон супорида, сазовори сертификат мегарданд. 

Дар курсҳои номбурда омӯзгорони ботаҷриба ва соҳибихтисос дарс мегузаронанд. Шуъбаи тайёрӣ бо мақсади ҷалб намудани шунавандагон ба шуъбаи мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназияҳо корҳои ташвиқотиро ба роҳ монда, бо хатмкунандагон мунтазам суҳбатҳо баргузор мегарданд, инчунин дар матбуоти даврӣ ва радио эълонҳо нашр мешаванд.