Маркази тестӣ
Ифтихори Амонқул
Вазифа: Сардори маркази тестӣ;
Тахассус: Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик;
Телефон: (+992) (37) 237 30 84;
Нишонии электронӣ: iftihor0290@mail.ru;
Муҳаммадшариф Зариф Зокирзода
Вазифа: Мутахассиси маркази тестӣ;
Тахассус: Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик;
Телефон: (+992) (37) 237 30 84;
Нишонии электронӣ: muhammad91@mail.ru;
Маркази тестии Донишгоҳ бо қарори Шурои олимон аз 30 ноябри соли 2017 №5/4-3 бо фарогирии ду воҳиди корӣ – сардори марказ ва мутахассис таъсис дода шудааст. Маркази тестӣ мувофиқи сохтори Донишгоҳ дар тобеияти раёсати таълим мебошад. Дар маркази тестии Донишгоҳ махзани саволномаҳои тестӣ аз ҳамаи фанҳои таълимӣ ба миқдори на камтар аз 200 саволнома (вобаста ба ҳаҷми кредит) ва тестҳои гуногун (якҷавоба, дуҷавоба ва шакли пӯшида) ташкил карда шудааст.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии маркази тестӣ ва дастурамалҳои мансабии кормандони маркази мазкур ба “Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мутобиқ гардонида шуданд. Қоидаҳои умумии низоми холгузорӣ-рейтингӣ ва низомномаи баҳодиҳӣ ба дараҷаи азхудкунии барномаҳои таълимии фанҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, дар раванди таълим ва низоми назорату баҳодиҳӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Самтҳои асосии фаъолияти марказ:
- ташкили махзан (фонд)-и саволномаҳои тестӣ барои муайян намудани дараҷаи азхудкунии барномаҳои таълимии фанҳо аз ҷониби донишҷӯён ва татбиқи мониторинги сифати таҳсилот тавассути қабули имтиҳонҳои фосилавӣ (рейтингҳои 1 ва 2) ва ҷамъбастӣ;
- такмили маҷмуи саволномаҳои тестӣ ва қабули имтиҳонҳо бо усулҳои муосир (бо истифода аз воситаҳои технологияи иттилоотӣ);
- мониторинг ва муайян намудани усулҳои муосири таълим, мутобиқати баҳогузорӣ ба мазмуну мунтариҷаи маҷмуи супоришҳои тестӣ бо барномаҳои кории фан (силлабус);
- баҳогузорӣ ба сатҳи дониши донишҷӯён вобаста ба талаботи ҳадди ақали Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва гузаронидани мониторинги натиҷаи баҳогузории барномаҳои кории фан (силлабус);
- гузаронидани семинару тренингҳо бо омӯзгорон ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти дар таҳияи саволномаҳои тестӣ ва таҳлили натиҷаҳои имтиҳон ҷойдошта;
- ташкили таълим ва машварат ба омӯзгорон бо мақсади дуруст ба роҳ мондани таҳияи намудҳои гуногуни саволномаҳои тестӣ (якҷавоба, пӯшида, дуҷавоба ва ғайра) бо истифода аз воситаҳои технологияи иттилоотии муосир;
- татбиқи низоми санҷиши тестӣ дар Донишгоҳ;
- татбиқи қабули имтиҳонҳо бо усули тестӣ дар раванди таълим бо мақсади назорати сатҳи дониши донишҷӯён (назорати марҳилавӣ) ва назорати берунӣ (назорати ниҳоӣ);