Иқтидори кадрӣ

Иқтидори кадрӣ

Тибқи маълумоти оморӣ, дар Донишгоҳ 556 нафар корманд фаъолият менамоянд, ки аз инҳо ҳайати роҳбарикунанда 52 нафар (19 нафар зан), кормандони хурди хизматрасонӣ 95 нафар (71 нафар зан), кормандони хурди техникӣ 55 нафар (42 нафар зан), инчунин, ҳайати профессорону омӯзгорони асосӣ 273 нафар (149 нафар зан) ва ҳамкорони беруна 48 нафар (18 нафар зан) мебошанд. Ҳамчунин, дар Гимназияи назди Донишгоҳ 33 нафар омӯзгорон фаъолият мекунанд, ки 31 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар маҷмуъ, аз 556 нафар кормандон, 330 нафари онҳо занон буда, 59,3% ҳайати умумиро ташкил медиҳанд.

Бояд таъкид намуд, ки аз шумораи умумии кормандону омӯзгорони доимии Донишгоҳ 134 нафар дорои дараҷаи илмӣ мебошанд, аз ҷумла, 15 нафар доктори илм ва 119 нафар номзади илм буда, иқтидори илмии Донишгоҳ 49%-ро ташкил медиҳад.

0

кормандон

0

омӯзгорони доимӣ

0

доктори илм

0

номзади илм