Имрӯз, 16 – уми сентябри соли 2026, дар толори фарҳангӣ вохӯрии ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода бо донишҷӯёни курси аввали факултети филология ва рӯзноманигорӣ баргузор гардид.
Дар аснои вохӯрӣ ректори Донишгоҳ донишҷӯёнро суҳбати бо соли нави таҳсил табрик гуфта, онҳоро ба худшиносиву ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки донишҷӯёни саодатманд ва ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар дар давоми талиму тадрис дар ин боргоҳи илму дониш обрӯву нуфузи кишварамонро ҳизф намоянд.
Пас аз анҷоми мулоқот ректор, профессор Жило Гулназарзода барои боз ҳам беҳтар шудани вазъи таълиму тарбия ба садорати факултет дастуру супоришҳои мушаххас дод.


