Дар кӯчаи Нагатинскийи шаҳри Москва, устод Сотим Улуғзода бо Любов Андреевна мезист ва дар ҳамин макон Зариф ба дунё омада, ба камол расид. Соли 1995 вохӯрии таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устоди зиндаёд ба вуқуъ пайваст. Ҳамон вақт Пешвои муаззами миллат дар саммити сарварони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба ифтихори 50-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 иштирок доштанд.
Сарвари давлат ба дидорбинии устоди бузург ташриф оварданд. Рамазон Мирзоев, сафири вақти фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, нахуст ба ҳуҷраи устод ворид гашт, то бифаҳмад, ки вазъ чӣ гуна асту устод чи ҳоле доранд.
«Ман, завҷаи устод, фарзандони ӯ – Нора ва Зариф дар паҳлуи кати бемор менишастем,– нигоштааст Ҳалима Хушқадамова дар ёддошти худ. – Устод бемори вазнин буданд. Бо сабабҳои маълум, аз ташриф овардани Сарвари давлати Тоҷикистон устод хабар надоштанд ва ӯро барои қабули меҳмони олиқадр омода ҳам накарда буданд. Вале, вақте ки Президенти муҳтарам вориди ҳуҷраи устод шудаву адиби шуҳратёрро ба оғӯш гирифтанд, Сотим Улуғзода лаҳзае ба худ омада, бо имову ишора хоҳиши нишастан карданд. Бо ёрии ҳозирон хоҳиш иҷро шуд. Устод, ки, умуман гап намезаданд, калимаҳоеро ба забон оварданд, аммо танҳо вожаи «Ватан, Ватан» ба гӯш мерасид. Чашмони устод барқ мезаданд, дар лабонашон табассум гул мекард.
Пас аз бозгашти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳангоми чойнӯшӣ бо аҳли оилаи устод, аз Любов Андреевна пурсидам:
–Чӣ хел шуд, ки устод ба гап даромаданд?
–Устод ҳарфе намезаданд, аммо ҳамаи онҳоеро, ки ба дидорбинӣ меомаданд, медиданд, мешуниданд ва мефаҳмиданд. Замоне буд, ки ӯро ба Ҳукумат наздик намемонданд, ҳатто дар борааш шунидан намехостанд, вай аз ин тарзи муносибат бисёр азоби руҳӣ мекашид, имрӯз бошад, худи Президент устодро хабар гирифтанд…, – гуфт завҷаи устод, ки аз шодӣ чашмонаш нур мепошиданд.
Аз нашри рӯзномаи “Ҷумҳурият”