Ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Русия Патрушев Андрей ва ҳамоҳангсози маркази мазкур оид ба масъалаҳои маориф ва илм Афаунов Иляс ташриф оварда, бо ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода мулоқоти судманд ба анҷом расонид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои омодасозии мутахассисони баландихтисос, аз ҷумла омӯзгорон ва тарҷумонҳои забони русӣ, такмили сатҳи касбияти омӯзгорон, баланд бардоштани сифати таълим, инчунин, рушди барномаҳои муштараки таълимӣ ва таҳқиқотиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар қисми ҷамъбастии мулоқот байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Чун анъана, бо нишони эҳтиром ва таҳкими равобитаҳои байнифарҳангӣ ба ҳайати меҳмонон ҷилди якум ва дуюми асари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат”, ки ба забони русӣ тарҷума шудааст, туҳфа карда шуд.
Инчунин, аз ҷониби Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе ба Донишгоҳ беш аз 500 китобҳои таълимӣ тақдим гардид.


