Истиқлоли давлатӣ барои миллати тамаддунофари тоҷик нодиртарин дастоварди сиёсиву сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории навин, марҳилаи рушд дар ташаккули соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ ва дар маҷмуъ, давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.
Воқеан, баъд аз сипарӣ гардидани якчанд марҳилаҳои таърихӣ, бори дигар миллати соҳибтамаддуни мо имконияти эҳёи суннатҳои аҷдодии давлатдориро ба даст оварда, дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр ва ташаббускори сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.
Бояд зикр намуд, ки Истиқлол барои миллати фарҳангсолори мо пойдевори воқеӣ фароҳам овард, ки дурнамои имрӯзу ояндаи миллат ва рушди кишвари азизамонро ба самти ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Мусаллам аст, ки расидан ба Истиқлоли давлатӣ, бунёди ҷомеаи озоду демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳанӯз яке аз ормонҳои деринаи халқи соҳибтамаддун ва фарҳангпарвари тоҷик маҳсуб ёфта, дар тули таърих мардуми шарифи мо баҳри ноил гардидан ба ин ҳадафҳои наҷиб кӯшишҳои сазовору пурмаҳсулро ба иҷро расонидааст.
Бевосита, дар самти консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешбинӣ мегардад, ки маҳз Истиқлоли давлатӣ марҳилаи нави инкишофи таърихӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд овард ва ба рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа замина гузошт.
Бояд тазаккур дод, ки Истиқлоли давлатиро миллати фарҳангиву тамаддунофарини тоҷик ба осонӣ ба даст наовардааст ва барои расидан ба он заҳмату талошҳои зиёд сарф шудааст. Барқарории пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва минбаъд таъмини устувории вазъи сиёсӣ ва сатҳи иҷтимоиву иқтисодӣ бевосита дар асоси сиёсати созандаву ташаббускорона ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тамаддунофари мо шарафёб гардид ва минбаъд роҳи бунёди давлатдории миллӣ ба вуҷуд омад.
Халқи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи қавии азалии худ тавонист, ки марҳилаи душвори бесарусомониро, ки дар айёми солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ба вуқуъ пайваст, бартараф созад, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ устувор гардонад.
Албатта, бунёди давлатдории миллӣ дар шароити ноустувори сиёсӣ кори басо душвору сангин буд. Илова ба ин, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан яке аз ҳадафҳои аввалини Пешвои миллати тоҷикон маҳсуб гардида, дар он айёми душвори таърихӣ муваффақона амалӣ гардид.
Тавре Пешвои миллат огоҳ месозанд: «Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани Истиқлол кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои Истиқлол кори аз он ҳам душвортар аст».
Бояд зикр намуд, ки ҳамчун шарофати бузурги Истиқлоли давлатӣ низ маҳз барқарории сулҳу суботи комил ва пойдории ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ миёни сокинони кишвар маҳсуб мегардад.
Яке аз аввалин тадбирҳои муҳимме, ки ҳанӯз дар оғози давраи аввали соҳибистиқлолӣ амалӣ карда шуд ва дар заминаи он рушди давлатдории миллӣ муайян гардид, ин қабули Конститутсия ва минбаъд ташаккул ёфтани низоми нави қонунгузории кишвар мебошад. Ин санади тақдирсози миллӣ барои бунёди давлатдории навини Тоҷикистон аҳаммияти таърихию ҳуқуқӣ ва сиёсӣ гузошт ва он кишвари моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон дошта, барои таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат, рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва муҳайё намудани фазои мусоид барои рушди озодонаи ҳар фард заминаи боэътимоди ҳуқуқиро ба вуҷуд овард.
Бояд зикр намуд, ки дар роҳи давлатсозии миллӣ мавқеъ ва муҳиммияти рамзҳои давлатӣ ҳамчун шиносномаи давлату миллат аҳаммияти махсусро касб менамоянд. Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ — Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, асъори миллӣ ва дигарҳо гардид. 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи бақои давлату миллати тоҷик ва дар Иҷлосияи ХVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргунсозии куллӣ ба Нишони давлатӣ ҳамчун осори тоҷдорию давлатдории навини тоҷикон бо шарофати Истиқлоли миллӣ ба вуқӯъ пайвастанд.
Ҳамчунин, Истиқлол пойсутуни асосии ба вуҷуд омадани давлати миллиро барои миллати мо гузошта, сабабгори эътирофи давлат дар арсаи байналмилалӣ гардид. Ҳамин аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки «Истиқлол Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро ба Тоҷикистон ошно намуд».
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид, ки имрӯзҳо чандин пешниҳодоту таклифҳои ҷониби Тоҷикистонро ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф ва дар арсаи байналмилалӣ амалӣ месозад. Дар баробари ин, кишвари мо узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ — Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони умумиҷаҳонии савдо, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони давлатҳои исломӣ ва ғайраҳо гардид, ки дар доираи онҳо кишвари маҳбуби мо мизбони якчанд конфронсу симпозиум ва форумҳои сатҳи ҷаҳонӣ гардид.
Имрӯзҳо кишвари мо ба сифати як кишвари пешоҳангу пештоз дар ҳалли масоили умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ номдор гардидааст. Бо ташаббус ва талошҳои фарзанди абармарди роҳнамосоз Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд пешниҳодҳои Тоҷикистон дар сатҳи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта ва иҷро гардиданду дар амал татбиқ шуда истодаанд. Аз ҷумла, пешниҳодҳо доир ба эълон намудани соли 2003 — «Соли оби тоза», эълон намудани солҳои 2005–2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал: «Об барои ҳаёт», эълон намудани соли 2013 ҳамчун соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва оид ба эълон намудани солҳои 2018–2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал: «Об барои рушди устувор», «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)», эълон гардидани 31 августи соли 2027 Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод, Рӯзи ҷаҳонии футбол ва дигар ташаббусҳои созандаи ҷаҳонӣ, мавқеъ ва нақши кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошт.
Боиси зикри хос аст, ки бо шарофати Истиқлол имрӯз Тоҷикистон дар олам чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар эътироф шуда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки ифтихори ҳар тоҷикистонӣ аст. Мактаби сулҳофаринии Тоҷикистон, ки бунёдгузори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, саҳми бузурги кишвар дар рушди демократия дар арсаи ҷаҳон аст ва аз он наслҳои имрӯзу оянда сабақ хоҳанд гирифт.
Ба воситаи чунин сиёсати санҷидашуда ва мутавозин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми Истиқлоли давлатӣ дар баробари шарикони анъанавии худ теъдоди зиёди кишварҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавиро ба доираи ҳамкориҳои худ ворид намуд, ки барои мустаҳкам кардани мавқеи геополитикӣ ва геостратегии ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳон ва ҳифзи манфиатҳои миллии он хизмати бузургро анҷом дод. То имрӯз қариб 180 кишвари ҷаҳон Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст ва бо 150 кишвари дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардидаанд. Ҳамзамон, Тоҷикистон бо беш аз 100 кишвари ҷаҳон муомилоти иқтисодӣ ба роҳ мондааст.
Воқеан, дар масири давлатсозии навини мо Истиқлоли давлатӣ нақш ва мақоми арзишманду нодир дорад, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори ҳамешагии Пешвои муаззами миллати хеш бо ҷомеаи ҷаҳон бо чеҳраву симои хоси миллӣ, ҳамзамон бо дастоварду комёбиҳои навини фарогири фарҳанги башарӣ ворид гардид. Муҳимтар аз ҳама, дар ин муддат як насли нави озоду дорои тафаккуру ҷаҳонбинии нав ба камол расида, рӯйи саҳнаи зиндагӣ омада, бо эътимоду боварии қавӣ метавон афзуд, ки дар оянда низ парчамбардори давлати соҳибистиқлоламон хоҳанд гардид.
Ҳамчунин, давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозаргонӣ ва пайвастани низоми иқтисодии Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем.
Дар баробари ин, марҳилаи рушди давлатдории миллӣ бо танзими муносибатҳои ҷамъиятии хусусияти миллидошта тақвият меёбад, ки чунин меъёрҳо ифодагари анъана, махсусиятҳои осори фарҳангӣ ва табиати миллати тоҷикро ифода менамоянд.
Яъне, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи мақоми омӯзгор» аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат ва дастоварди арзишманди давраи Истиқлол ба ҳисоб мераванд, ки барои беҳбудии вазъи некуаҳволии мардум, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву худшиносӣ, таълиму тарбияи мукаммали насли наврас ва масъулиятшиносии волидон дар ин самт мусоидат менамоянд.
Дар замони муосири рушди давлатдории миллӣ ҳадафҳои стратегии имрӯзаи давлат, ки баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, Истиқлоли энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро пешбинӣ менамоянд, бори дигар собит месозанд, ки Пешвои муаззами миллат дар модели давлатсозии мо ҳадафҳоро аз рӯйи бартарияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ муайян менамояд. Татбиқи самараноки онҳо ба болоравии сатҳи зиндагии мардум, эътимоду эътиқоди онҳо ба ояндаи дурахшон, рӯҳбаландии иҷтимоӣ мусоидат намуда, Истиқлоли иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангии моро таҳким бахшида, баҳри рушди устувори давлатдории миллии мо ҳамаҷониба шароит фароҳам оварда истодаанд.
Дар маҷмуъ, Истиқлол барои мо рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору фаъолияти пайгиронаи созанда, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба Истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро фароҳам оварда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Ин неъмати бебаҳо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Аз ин рӯ, бояд бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, фазои озоду осоишта, шароитҳои мусоиди муҳайёкардаи Ҳукумати кишвар ва ғамхориҳои хирадмандонаи Сарвари муаззами давлат дар пешрафту рушди ояндаи босаодати Тоҷикистони азиз ва пойдории пояҳои Истиқлоли давлатӣ саҳмгузор бошем.
Маҳмадсаид Ғафуров, сардори раёсати тарбияи Донишгоҳ.