ПИРӮЗИИ ДОНИШҶӮЁНИ МО ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БЕЛАРУСИЯ

Дар доираи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишгоҳи давлатии Гродний ба номи Янка Купалаи Ҷумҳурии Белорус моҳи майи соли 2026 озмуни байналмилалии “Қироати шеъри И.В. Гёте” таҳти унвони „Fischer“ ва видеоролик таҳти унвони “Mein Geburtsort” (“Мой родной город”), “Шаҳри азизи ман” бо забони олмонӣ дар Донишгоҳи Белорус баргузор гардид.

Дар ин озмун 6 нафар донишҷӯёни факултети забонҳои Аврупо фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷа Саидов Эмомадӣ, донишҷӯи гурӯҳи 5401та дар озмуни “Қироати шеъри Г.Гейне” бо роҳбарии дотсенти кафедраи забонҳои романӣ – германӣ Камолова Бибикалом сазовори ҷойи 2 – юм гардид, Пиров Шоҳрух, донишҷӯйи гурӯҳи 5102та аз ҳамин номинатсия бо роҳбарии омӯзгори забонҳои романӣ – германӣ Миров Ҳувайдо, сазовори ҷойи 3 – юмро гардид.

Ҳамчунин, 4 нафар донишҷӯйи дигари Донишгоҳ барои иштиркои фаъолонаашон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ин дастоварди арзишманд ба аҳли кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ фархунда бошад.