МАҲФИЛИ «ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ» БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Бо ибтикори раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 8 июни соли 2026 бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҳфили адабию фарҳангии «Пайравони Пешвои миллат» бо иштироки шоири маъруф ва тараннумгари ваҳдат Салими Хатлонӣ баргузор гардид.

Дар маҳфил шоирону нависандагон, муҳаққиқон, ҳунармандон ва дӯстдорони каломи бадеъ, аз ҷумла, Аламхон Кучарзода, Ҳақназар Ғоиб, Ато Мирхоҷа, Шаҳрияи Аҳтамзод, Алимуҳаммад Муродӣ, Абдулҳамид Самад, инчунин, ҳунармандони маъруф Файзалӣ Ҳасан, Давлат Назрӣ, Раҳматулло Ҳошимов, Фирдавс Ҳошимов, Исмоил Назрӣ, Афзалшоҳ Шодиев ва Ибодат Раҷабова иштирок намуданд.

Ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода меҳмонон ва аҳли маҳфилро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки фазои сулҳу субот, ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва имкони баргузор намудани чунин ҳамоишҳои фарҳангӣ самараи бевоситаи Ваҳдати миллӣ мебошад. Зикр гардид, ки маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти давлат ва пойдории ваҳдат имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар роҳи созандагиву пешрафт қадамҳои устувор мегузорад.

Дар идомаи маҳфил олимону адибони шинохта, профессор Аламхон Кучарзода, Шарифмурод Исрофилниё, Шамсиддин Солеҳ, Нурмуҳаммад Сироҷӣ ва Умар Сафар суханронӣ намуда, аз ҷойгоҳ ва саҳми Салими Хатлонӣ дар рушди адабиёти муосир, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, сулҳу ваҳдат ва таҳкими худшиносии миллӣ ёдовар шуданд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо баргузории маҳфили «Ширу шакар» идома ёфт. Ҳунармандони маъруфи кишвар аз рӯи ашъори Салими Хатлонӣ сурудҳои дилнишини ватандӯстона, тараннумгари ваҳдати миллӣ, ишқу муҳаббат ва ҷавониро иҷро намуда, ба маҳфил шукуҳу таровати хос бахшиданд.

Маҳфили мазкур дар фазои гарму самимӣ баргузор гардида, ҳамчун арҷгузорӣ ба арзишҳои Ваҳдати миллӣ ва гиромидошти аҳли адабу фарҳанг аз ҷониби иштирокдорон хуш пазируфта шуд.