ТАҲҚИҚИ БОСАМАРИ РИСОЛАИ ИЛМӢ ПИРОМУНИ ҲАЁТИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН

6- уми июни соли 2026 омӯзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Юсуфзода Аваз рисолаи номзадияшро дар мавзуи “Нақш ва мавқеи элитаи илмӣ ва ҳаёти сиёсии ҷомеа (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)” бо роҳбарии доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Сафарализода Хоҷамурод дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-079–и назди Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ҳимоя намуд.

Раёсати Донишгоҳ ва ҳайати омӯзгорони кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ ба Юсуфзода Авази Нуралиро барои дарёфти қуллаҳои баланди илм ва дар амал татбиқ намудани он комёбӣ таманно менамоянд.