ДОНИШҶӮЁН ВА ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ ОРОМГОҲИ БУЗУРГОНРО ЗИЁРАТ КАРДАНД

Имрӯз, 20 майи соли 2026, як гурӯҳ омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо мақсади арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ ва гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи кишвар аз оромгоҳи Лучоб боздид намуданд.Дар ҷараёни ин сафар онҳо оромгоҳҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, фарзанди фарзонаи миллат Нисор Муҳаммад, Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода, Шоирони халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноатро зиёрат карданд.

Зимни боздид омӯзгорон ба донишҷӯён доир ба хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳёи адолати таърихӣ ва ба Ватан баргардонидани мушти хоки Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад маълумот пешниҳод намуданд. Таъкид гардид, ки ин иқдом ҳамчун нишонаи эҳтиром ба фарзандони содиқи миллат дар саҳифаҳои таърихи кишвар ҷойгоҳи вежа дорад.

Ҳамчунин ёдовар шуданд, ки соли равон дар кишвар 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода ва 85-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ таҷлил мегардад. Зикр шуд, ки ин абармардони адабу фарҳанги тоҷик бо осори пурғановат ва фаъолияти арзишманди худ дар рушди адабиёт, фарҳанг ва худшиносии миллӣ саҳми назаррас гузоштаанд.

Дар фарҷоми боздид донишҷӯёну омӯзгорон оромгоҳҳои як қатор шоирон, нависандагон ва аҳли илму фарҳанги тоҷикро низ зиёрат намуда, ба хотираи неки онҳо эҳтиром гузоштанд.