Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон як гурӯҳ ҷавонони фаъоли Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар пахши мустақими барномаи идонаи “Оинадори нур”-и Радиои “Фарҳанг” иштирок намуданд.
Дар ҳайати иштирокчиён ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалии забондонӣ ва варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои сатҳи Осиё ва Аврупо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, ҳузур доштанд.
Зимни барнома ҷавонон аз муваффақиятҳои илмӣ, фарҳангӣ ва варзишии худ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат барои рушди қобилияту истеъдоди ҷавонон заминаи мусоид фароҳам овардааст.


