Дар шароити ҷаҳони пурошӯби муосир, ки дар он буҳронҳои маънавӣ, фурӯпошии арзишҳои ахлоқӣ ва сустшавии ҳофизаи таърихӣ ҷомеаҳоро ба бегонашавии рӯҳӣ рӯ ба рӯ месозанд, масъалаи хотираи таърихӣ ба яке аз меҳварҳои асосии худшиносии миллӣ табдил ёфтааст. Миллат дар чунин шароит бақои он ба ҳифзи хотира, маъно ва худогоҳии фарҳангии ҷомеа вобаста мегардад. Миллат шакли идомаи ҳастии таърихии инсон дар фазои тамаддун мебошад. Таърих уфуқи худдарккунии маънавии ҷомеа аст, ки дар он миллат маънои ҳастии худро бозмеёбад. Миллате, ки хотираи таърихии худро аз даст медиҳад, қобилияти офаридани уфуқи маънавии ояндаи худро низ гум мекунад.
Аз ҳамин рӯ, арҷгузорӣ ба қаҳрамонони миллӣ шакли ҳифзи тамомияти маънавии миллат ва эҳёи адолати таърихӣ мебошад. Дар чунин фаҳмиши фалсафӣ давлатдорӣ масъулияти таърихӣ дар назди хотира, фарҳанг ва сарнавишти маънавии ҷомеа ба шумор меравад. Зеро миллате, ки фарзандони сарсупурдаи худро аз ёд мебарад, ҳатто қобилияти шунидани садои таърихи худро низ аз даст медиҳад.
Маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки қаҳрамонони миллӣ Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад, ки бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, дорои аҳаммияти бузурги таърихӣ, маънавӣ ва сиёсӣ мебошад. Ин рӯйдод лаҳзаи бедории виҷдони таърихии миллат, лаҳзаи бозгашти ҳақиқат аз зери хомӯшии даҳсолаҳои сангини таърих ва лаҳзаи рӯ ба рӯ шудани миллат бо захмҳои ногуфтаи ҳастии худ ба шумор мерафт. Он рӯз на танҳо муште хок ба Ватан баргашт, худогоҳии таърихии миллат пас аз солҳои тӯлонии сукут дубора ба оғӯши сарзамини худ бозгашт.
Гӯё таърих пас аз даҳсолаҳои хомӯшӣ бори дигар бо забони дард, хотира ва ҳақиқат ба миллат сухан мегуфт. Ин сухани таърих ба сатҳи бедории шуури маънавӣ ва эҳёи ҳастишиносии миллӣ тааллуқ дошт. Он рӯз таърих ба худшиносии миллӣ табдил ёфта, миллатро ба бознигарии маънавии ҳастии худ даъват менамуд. Гӯё худи таърих ба шакли таҷрибаи зиндаи маънавӣ зуҳур намуда, миллатро ба гуфтугӯи ҳастишиносӣ бо гузашта ва виҷдони худ водор месохт. Дар чунин лаҳзаҳо таърих аз шакли воқеияти хомӯши бойгонӣ хориҷ шуда, ба падидаи фаъоли худогоҳии миллӣ мубаддал мегардад. Таърих дар ин ҷо таъсиргузори маънавӣ мебошад, ки ҷомеаро ба бознигарии ҳастии худ водор месозад. Дар чунин сатҳи фалсафӣ таърих ба механизми худдарккунии ҷомеа ва василаи эҳёи тамомияти маънавии миллат мубаддал мегардад. Дар иттилооти расмии сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мегардад, ки «ин рӯйдоди таърихӣ ҳамчун рамзи пирӯзии ҳақиқат, эҳёи адолати таърихӣ ва гиромидошти хотираи фарзандони содиқи миллат дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид». Ин рӯйдод на танҳо эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ, балки эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Дар герменевтикаи муосир хотираи таърихӣ шакли худогоҳии маънавии миллат ба шумор меравад. Хотираи таърихӣ уфуқест, ки дар он ҷомеа худро ҳамчун мавҷуди таърихӣ ва фарҳангӣ дарк менамояд. Таърих дар чунин фаҳмиш шакли идомаи ҳастии маънавии миллат дар масири замон мебошад. Ҳифзи хотираи таърихӣ ба маънои ҳифзи пояҳои маънавии давлатдорӣ ва тамомияти фарҳангии ҷомеа аст.
Пол Рикёр масъалаи хотираро бо мафҳуми масъулияти ахлоқӣ пайваст намуда, нишон медиҳад, ки ҷомеа танҳо дар сурати ҳифзи хотираи таърихӣ метавонад адолати маънавиро барқарор созад. Фаромӯшшавии қаҳрамонони миллӣ кандашавии пайванди маънавии ҷомеа бо решаҳои таърихӣ ва сустшавии виҷдони миллӣ мебошад. Вақте миллат хотираи фарзандони фидокори худро аз даст медиҳад, эҳсоси маънои ҳастии худро низ аз даст медиҳад. Миллате, ки фарзандони фидокори худро аз хотира мебарорад, ба танҳоии маънавӣ ва бегонашавии таърихӣ гирифтор мегардад. Дар чунин шароит ҷомеа қобилияти дарки маънои таърих ва масъулияти виҷдониро низ аз даст медиҳад. Бегонашавии таърихӣ дар асл бегонашавии инсон аз худи маънои ҳастии худ мебошад. Ҷомеае, ки робитаи маънавии худро бо таърих аз даст медиҳад. Ба холигии арзишӣ ва буҳрони худшиносии маънавӣ гирифтор мегардад.
Аз ҳамин ҷиҳат, ба Ватан баргардондани мушти хоки фарзандони барӯманди миллат маънои амиқи фалсафӣ дорад. Ин иқдом таҷассумгари он аст, ки давлат хотираи таърихиро ҳамчун қисми худшиносии маънавии миллат эътироф менамояд.Дар фалсафаи сиёсии муосир давлат на танҳо сохтори идоракунӣ, балки шакли масъулияти таърихии ҷомеа арзёбӣ мегардад. Аз диди Юрген Ҳабермас давлатдории муосир бидуни эътимоди ахлоқии ҷомеа наметавонад устувор боқӣ монад. Аз ҳамин ҷиҳат, давлате, ки хотираи таърихиро муҳофизат мекунад, дар асл пояҳои маънавии ҳастии миллатро ҳифз менамояд. Адолати таърихӣ дар чунин сатҳи фалсафӣ шарти бақои маънавии миллат мебошад. Миллате, ки хотираи таърихии худро аз даст медиҳад, ба буҳрони маъно ва бегонашавии фарҳангӣ рӯ ба рӯ мегардад.Яке аз масъалаҳои муҳимми фалсафаи сиёсат масъалаи адолати таърихӣ мебошад. Адолати таърихӣ маънои онро дорад, ки ҷомеа ва давлат бояд нисбат ба шахсиятҳое, ки барои ҳастии миллат фидокорӣ намудаанд, муносибати одилона ва шоиста дошта бошанд.
Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи поягузорони давлатдории тоҷикон ба шумор мераванд. Номи онҳо дар ҳофизаи маънавии миллат сабт гардидааст. Онҳо барои муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои таърихӣ анҷом додаанд. Аммо сарнавишти таърихии онҳо бо фоҷиа, ситам ва беадолатиҳои сиёсӣ пайваст гардид. Таърих муддати тӯлонӣ садои онҳоро дар зери ғубори тарс, хомӯшии иҷборӣ ва зулмати беадолатии сиёсӣ пинҳон нигоҳ дошт. Гӯё виҷдони миллат солҳо дар ғурбати таърихӣ зиндагӣ мекард ва ҳақиқат аз паси деворҳои сукути замон ба наслҳо менигарист. Ин хомӯшӣ танҳо хомӯшии таърих набуд. Фоҷиаи маънавии миллате буд, ки қисме аз хотираи худро дар зулмати беадолатии сиёсӣ гум карда буд. Миллате, ки қаҳрамононашро дар хомӯшии иҷборӣ аз даст медиҳад, бо буҳрони маъно ва сустшавии худогоҳии таърихӣ рӯ ба рӯ мегардад. Фаромӯшии таърих дар асл фурӯпошии робитаи маънавии миллат бо худи хеш мебошад. Вақте миллат аз хотираи таърихии худ дур мешавад, тадриҷан уфуқи маъно, масъулияти ахлоқӣ ва қудрати худогоҳии худро низ аз даст медиҳад. Буҳрони хотираи таърихӣ дар асл буҳрони ҳастишиносии миллат аст, зеро ҷомеа робитаи маънавии худро бо сарчашмаҳои маъноофарии худ гум менамояд. Ҷомеае, ки хотираи таърихии худро аз даст медиҳад, қобилияти офаридани уфуқи маънавии ояндаи худро низ аз даст медиҳад.Дар чунин шароит иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба Ватан баргардондани мушти хоки ин фарзандони миллат ҳамчун таҷассумгари адолати таърихӣ арзёбӣ мегардад. Тавре дар суханони расмии маросим таъкид шуд, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур «аз ҷумлаи поягузорони давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, барои бақои миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додаанд». Ин амал нишон медиҳад, ки давлатдории миллӣ бо виҷдони таърихӣ ва эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ устувор мемонад. Давлате, ки ба хотираи таърихии миллат такя мекунад, дар асл ба пояҳои маънавии ҳастии ҷомеа такя менамояд.
Дар назарияи таърихи фалсафаи тоҷик мафҳуми Ватан уфуқи худшиносӣ ва сарчашмаи пайванди таърихии наслҳо ба шумор меравад. Аз ин дидгоҳ, оромгоҳ дар фарҳанги миллӣ рамзи идомаи ҳузури маънавии шахсият дар шуури таърихии ҷомеа мебошад.Дар фарҳанги мо, эҳтиром ба оромгоҳи бузургон шакли эҳтиром ба таърих ва пайванди маънавии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Оромгоҳ дар шуури фарҳангии мардум нишонаи идомаи ҳузури маънавии шахсият дар хотираи миллат мебошад. Аз ҳамин рӯ, ҳатто рамзи муште хок метавонад аз ҳазорҳо сухан пурмаънотар бошад, зеро он дарди таърих, орзуи адолат ва пайванди маънавии ҷомеаро таҷассум менамояд. Дар чунин сатҳи фалсафӣ рамзи хоки оромгоҳ ба воситаи эҳёи худогоҳии таърихӣ ва бедории шуури миллӣ мубаддал мегардад.
Ором гирифтани фарзандони миллат дар хоки Ватан маънои рамзии амиқ дорад, зеро чунин муносибат пайванди маънавии ҷомеаро бо таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ таҳким мебахшад.Ба Ватан баргаштани мушти хоки қаҳрамонони миллӣ рамзи пирӯзии ҳақиқат ва эҳёи виҷдони таърихӣ мебошад. Ин иқдом нишон медиҳад, ки миллат дер ё зуд фарзандони фидокори худро мешиносад ва ба онҳо арҷ мегузорад.Ҳанс-Георг Гадамер чунин рӯйдодҳоро ҳамчун шакли «барқароршавии маъно» дар уфуқи шуури таърихӣ арзёбӣ менамояд. Яъне таърих дубора хонда мешавад ва шахсиятҳое, ки дар гузашта мавриди беадолатӣ қарор гирифта буданд, дар шуури миллӣ ҷойгоҳи воқеии худро соҳиб мегарданд.Дар шароити соҳибистиқлолии Ватан масъалаи хотираи таърихӣ ба яке аз унсурҳои муҳими сиёсати фарҳангӣ ва маънавии давлат табдил ёфтааст. Дар ин замина фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун намунаи сиёсати эҳёи хотираи миллӣ аҳаммияти махсус дорад.
Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки миллат бидуни худшиносии таърихӣ наметавонад ҳастии худро ҳифз намояд. Иштироки бевоситаи Сарвари давлат дар маросими истиқболи мушти хоки қаҳрамонони миллӣ нишон медиҳад, ки давлат ба таърих ҳамчун воситаи таҳкими ҳувияти миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа менигарад.Дар фазои мутантани эҳтиром сарбозони Қаровули фахрӣ қуттиҳои дорои хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллатро, ки бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пӯшонида шуда буданд, бо қадамзании маросимӣ ба майдони фурудгоҳ интиқол доданд. Ин манзара таҷассумгари бозгашти ҳақиқат ба оғӯши Ватан ва бозгашти номҳои фаромӯшшуда ба ҳофизаи таърихии миллат буд. Дар он лаҳза таърих ба садои зиндаи худшиносии миллӣ табдил ёфта буд. Гӯё миллат пас аз солҳои тӯлонии интизорӣ дубора бо чеҳраи маънавии худ рӯ ба рӯ мегардид. Ин маросим аз диди рамзшиносии сиёсӣ таҷассумгари эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими худогоҳии миллӣ мебошад. Дар чунин лаҳзаҳои таърихӣ миллат пояҳои маънавии давлатдории худро низ аз нав мустаҳкам менамояд. Зеро давлатдорӣ бидуни худогоҳии таърихӣ ба сохтори холии сиёсӣ мубаддал мегардад, дар ҳоле ки худшиносии миллӣ ба он рӯҳ, маъно ва тамомияти маънавӣ мебахшад. Давлат танҳо дар он сурат метавонад пойдор бошад, ки ҷомеа худро дар уфуқи хотираи таърихӣ ва масъулияти маънавии худ дарк намояд. Дар он рӯз миллат на танҳо ба истиқболи хоки фарзандони худ баромада буд, балки ба истиқболи ҳақиқати таърихии худ меомад. Он лаҳза гӯё миёни гузашта ва имрӯз гуфтугӯи виҷдонӣ сурат мегирифт ва таърих бори дигар миллатро ба масъулияти маънавӣ дар назди хотираи худ фаро мехонд. Дар чунин лаҳзаҳо таърих аз шакли матни хомӯш ба шакли таҷрибаи зиндаи ҳастии миллӣ табдил меёбад. Миллат дар чунин лаҳзаҳо на танҳо таърихи худро мехонад, балки онро ҳамчун қисми ҳастии маънавии худ аз нав эҳсос мекунад.
Натиҷаҳои таҳқиқ нишон медиҳанд, ки хотираи таърихӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ба яке аз механизмҳои асосии ҳифзи ҳувияти миллӣ табдил меёбад.Таҳлил ҳамчунин нишон медиҳад, ки сиёсати эҳёи хотираи таърихӣ метавонад ҳамчун воситаи муқовимат ба бегонашавии фарҳангӣ ва сустшавии худшиносии миллӣ хизмат намояд. Дар муқоиса бо бархе ҷомеаҳои пасошӯравӣ, ки дар онҳо буҳрони хотираи таърихӣ боиси заифшавии ҳувияти миллӣ гардидааст, таҷрибаи Тоҷикистон намунаи талоши давлат барои пайванди таърих, фарҳанг ва худшиносии миллӣ ба шумор меравад. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки эҳёи хотираи таърихӣ метавонад василаи барқарорсозии тавозуни маънавии ҷомеа низ бошад. Дар баъзе кишварҳои пасошӯравӣ масъалаи хотираи таърихӣ бештар ба ихтилофҳои сиёсӣ ва буҳрони ҳувият оварда расонидааст, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон сиёсати эҳёи хотираи миллӣ бештар хусусияти муттаҳидкунанда ва маънавӣ касб намудааст. Аз ин рӯ, таҷрибаи Тоҷикистон дар самти эҳёи хотираи таърихӣ метавонад барои омӯзиши фалсафаи давлатдории миллӣ ва сиёсати хотираи таърихӣ дар ҷомеаҳои пасошӯравӣ аҳаммияти илмӣ дошта бошад.
Ҳамин тавр, маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки қаҳрамонони миллӣ нишон медиҳад, ки ин рӯйдод шакли эҳёи худогоҳии таърихӣ ва барқарорсозии адолати маънавии ҷомеа мебошад. Хотираи таърихӣ дар чунин фаҳмиш пояи ҳастии маънавии миллат аст. Миллате, ки хотираи таърихии худро ҳифз менамояд, қобилияти ҳифзи ҳувият, тамомияти фарҳангӣ ва истиқлоли маънавии худро низ нигоҳ медорад. Миллате, ки аз дарди таърихи худ маъно меофарад, метавонад ояндаи худро низ бар пояи худогоҳии воқеӣ бунёд намояд.
Комилов Далер, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ