Имрӯз, 23 апрели соли 2026 ба Донишгоҳ муовини сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Штефан Волфрум, кордори сафорат Афзалшоҳ Ҷабборов ва корманди сафорат Анника Ортманн ташриф оварда, бо ректори муассиса профессор Жило Гулназарзода мулоқот ба анҷом расониданд.
Ташрифи мазкур дар ҳошияи ҷамъбасти “Ҳафтаи забони олмонӣ” дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода сурат гирифта, ҳадафи он ба тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва рушди маҳорату малакаҳои муоширатӣ бо забони олмонӣ равона гардида буд.
Меҳмононро ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода ва ҳайати омӯзгорони муассиса истиқбол намуданд. Дар рафти суҳбат барои меҳмонон оид ба факултетҳо, ихтисосҳои амалкунанда ва дастовардҳои муассиса дар самти омӯзиши забони олмонӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳои Донишгоҳ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Федеративии Олмон, алалхусус, бо Донишкадаи Гёте дар Тошканд, Хадамоти мубодилаи академии Олмон (DAAD) ва рушди омӯзиши забони олмонӣ дар муассиса мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷамъбастии мулоқот роҳбари муассиса чун нишони эҳтиром ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Пас аз мулоқот меҳмонон дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷамъбасти “Ҳафтаи забони олмонӣ” иштирок ва суханронӣ намуда, ба ғолибони озмуни “Беҳтарин донандагони забони олмонӣ” сипоснома ва туҳфаҳои хотирав тақдим намуданд.


