23 – юми апрели соли 2026 дар кафедраҳои методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик, забоншиносии умумӣ, омӯзгории забонҳои Шарқ, фалсафа ва сиёсатшиносӣ, забоншиносиии муқоисавӣ ва назарияи тарҷума конференсияҳои илмӣ – амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрантон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Таъсирпазирӣ ва ҳамгиройии илмҳои гуманитарӣ, иҷтимоӣ ва дақиқ ҳамчун омили рушди устувор дар ҷомеаи муосир» дар сатҳи баланд доир гардид.
Дар ҳамоишҳои илмӣ – амалии болозикр ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрантон ва донишҷӯёни муассиса фаъолона ширкат намуда, пиромуни мавзуҳои мубраму муҳимми замони муосир маъруза намуданд.
Рафти ҳамоишҳои илмӣ аз тарафи намояндагони раёсати илм ва инноватсия назорат карда шуданд, ҳамчунин аз баргузории конференсияҳои илмӣ – амалӣ дар бахшҳо, шуъбаи таҳлил ва иттилооти Донишгоҳ мунтазам суратгузориш пешниҳод менамояд.






