Бахшида ба Рӯзи илми тоҷик 22 – уми апрели соли 2026 дар кафедраҳои забони тоҷикӣ ва фарҳанги муошират, журналистика ва иттилооти рақамӣ, забонҳои Шарқи Наздик, информатика, тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ, назария ва таърихи адабиёти рус ва психология конференсияҳои илмӣ – амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрантон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони “Таъсирпазирӣ ва ҳамгиройии илмҳои гуманитарӣ, иҷтимоӣ ва дақиқ ҳамчун омили рушди устувор дар ҷомеаи муосир” дар сатҳи баланд доир гардиданд.
Дар доираи баргузории конференсияҳои илмӣ – амалӣ намояндагони раёсати илм ва инноватсия иштирок намуда, доир ба мубрамият ва таҳкиму густариши илми тоҷик ибрози андеша намуданд.
Ҳамзамон дар ҳамоишҳои илмӣ – амалӣ мавзуҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар он ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрантон ва донишҷӯёни муассиса фаъолона ширкат менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки конференсияҳои илмӣ – амалӣ дар бахшҳо аз тарафи шуъбаи таҳлил ва иттилооти Донишгоҳ мунтаззам пайгирӣ шуда, дар шабакаҳои расмии Донишгоҳ интишор мегардад.









