Дар факултети филология ва рӯзноманигории Донишгоҳ аз ҷониби кафедраи назария ва таърихи адабиёт бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ семинари илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Устод Рӯдакӣ – асосгузори адабиёти форсӣ – тоҷикӣ” баргузор гардид.
Мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт, доктори илмҳои филологӣ, профессор Салими Хатлонӣ ҳамоишро оғоз намуда, дар бораи осори арзишманду мондагори устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар рушди адабиёти классики тоҷик сухан гуфт.
Дар идома доктори илмҳои филология, профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёт Шарифмурод Исрофилниё ва профессори ҳамин кафедра Олимӣ Хосият дар мавзуи зиндагинома ва осори бозмондаи устод Рӯдакӣ маърузаҳои илмии хешро пешниҳоди ҳозирин карданд.
Ҳамчунин, доктори илмҳои филология, профессор Олимҷон Қосимов ва профессор Нурмуҳаммад Шамсов дар бораи паҳлуҳои гуногуни осори устод Рӯдакӣ андешаҳои хешро баён намуданд.
Мавриди зикр аст, ки донишҷӯёни факултети филология ва рӯзноманигорӣ аз ашъори мондагори устод Рӯдакӣ шеъру қитъа ва қасидаҳо қироат карданд.


