ПИРӮЗИИ ДОНИШҶӮЙИ ВАРЗИШГАРИ МО ДАР МУСОБИҚАИ САТҲИ ҶУМҲУРИЯВӢ ВА РОҲХАТ БА ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯйи курси панҷуми ихтисоси забони олмонӣ. Забони англисии факултети забонҳои Аврупои Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Назарзода Маҳмадраҷаб дар мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ оид ба муҳорибаҳои омехта, ки бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар вазни 74 кг байни калонсолон сазовори ҷойи дуюм гардида, бо медали нуқра ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардид.

Ҳамзамон мавриди тазаккур аст, ки Маҳмадраҷаб Назарзода соли равон барои иштирок дар Чемпеонати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта, ки дар шаҳри Тифлисии Ҷумҳурии Гурҷистон баргузор мегардад, роҳхат гирифтааст.

Умед аз он дорем, ки ҷавони пуркору серғайрат дар ин чемпеонат пирӯзӣ ба даст меорад ва парчами миллатро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад.