Бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон 22 сентябри соли 2026 маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” бо ширкати Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, операсарои машҳури ҷаҳонӣ Рустам Дулоев баргузор гардид.
Дар оғози маҳфил ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода ҳузури меҳмононро ба маҳфил шодбош гуфта, нақши Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, сарояндаи нотакрор, операсарои сатҳи байналмилалӣ Рустам Дулоевро дар муаррифии фарҳангу санъати тоҷик муҳим арзёбӣ намуд.
Рустам Дулоев зимни мулоқот бо донишҷӯён аз даврони бачагӣ, таҳсил дар боргоҳи санъат ва сафар ба кишварҳои хориҷӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, фаъолияти пурсамар ва мушкилиҳо санъати опера, ҳамчунин аз ёддоштҳои худ қисса кард.
Дар идома, Рустам Дулоев аз осорхонаи Донишгоҳ ва факултети забонҳои Аврупо дидан карда, бо донишҷӯёни ихтисоси забони итолиёвӣ суҳбати озоду самимӣ доир намуд.
Умедворем, чунин чорабиниҳо барои худшиносиву худогоҳии ҷавонон ва баланд бардоштани савияи донишу ҷаҳонбинии онҳо мусоидат менамояд.



