ТУРСУНЗОДА – ТАРАННУМГАРИ СУЛҲУ ДӮСТӢ

Бо ибтикори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик дар факултети филология ва рӯзноманигорӣ бахшида ба 115 – умин солгарди шоири сулҳсаро, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таҳти унвони “Турсунзода – тараннумгари сулҳу дӯстӣ” семинари илмӣ – адабӣ баргузор гардид.

Дар семинар мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик номзади имлҳои филология, дотсент Мавзуна Нодирова, омӯзгорону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Мирзо Турсунзода бо донишу маҳорат, корномаи мондагор шуҳрат ёфта, барои рушди адабиёт ва маънавиёти мардуми тоҷик мероси бузурги адабиро барои наслҳои оянда боқӣ гузоштааст. Мақсад ва ҳадаф аз баргузории семинари илмӣ – адабӣ ҳифзи мероси адабӣ, бузургдошти устод Мирзо Турсунзода, шиносоии амиқ бо осори шоир, ҳифзу тарҷума кардани осори шоир бо забонҳои гуногун мебошад.Инчунин дар рафти семинар омӯзгорон Назарова Маърифат, Темуралӣ Ҳафизов ва Зайнидини Абдулҳамид баромад карданд.

Ҳамчунин донишҷӯёни соли чоруми факултети филология ва рӯзноманигории Донишгоҳ роҷеъ ба зиндагӣ ва фаълияти пурмаҳсули адиб маъруза пешкаш намуда, аз осори адиб шеърҳо қироат карданд.