Боиси хушнудист, ки дар арафаи таҷлили 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мудири кафедраи психологияи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Фируза Раҷабова бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 – уми майи соли 2026 унвони дотсентӣ, аз рӯйи ихтисоси педагогика дода шуд. Раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва ҳайати омӯзгорони кафедраи психология барои дастоварди арзишманди илмлӣ, муаллимаи гиромиро табрику таҳният гуфта, таманнои онро доранд, ки дар ҷодаи илм муваффақиятҳои пай дар пай насибаш бошад.
