МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ»

Имрӯз дар толори Литсейи таълимии ба номи Умари Хайёми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.

Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабии Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстӣ, инчунин рушди маънавии ҷомеа роҳандозӣ гардида, ҷиҳати ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба мутолиаи осори классикӣ нақши муассир дорад.

Боиси хушнудист, ки дар озмуни мазкур донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолона ширкат намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд:

Турсунов Ғолиб, мудир кафедраи филологияи Шарқи Дур – байни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, сазовори ҷойи 3 – юм;

Сайидмуминова Сафина, омӯзгори кафедраи омӯзгории забонҳои Шарқ – байни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, сазовори ҷойи 3 – юм;

Буризода Рухсора, донишҷӯйи курси якуми факултети филология ва рӯзноманигорӣ – миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), сазовори ҷойи 2 – юм гардиданд. Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Дастоварди омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ муборак бошад.