АСАРИ “НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК” – ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Дар факултети филология ва рӯзноманигории Донишгоҳ бо ибтикори кафедраи назария ва таърихи адабиёт семинари илмӣ – амалӣ таҳти унвони “”Намунаи адабиёти тоҷик” – шиносномаи миллат” бо ширкати декани факултет номзади илми филология., дотсент Сайёра Азимова ва омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Дар оғози семинар декани факултет Сайёра Азимова вобаста ба ҳаёт ва фаъолияти пурсамари устод Садриддин Айнӣ, осори мондагор ва хотираҳои шогирдон дар бораи паҳлуҳои гуногуни зиндагии Айнӣ сухан гуфта, ҷавононро ба мутолиаи осори нависанда, пос доштани хотираи ӯ ва ҳифзи мероси адабии устод Айнӣ даъват намуд.

Ҳамзамон, дар идома мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт профессор Салими Хатлонӣ, инчунин профессорони ҳамин кафедра Лоло Давлатбеков, Шарифмурод Исрофилниё, Олимӣ Хосият ва Нурмуҳаммад Сироҷӣ аз ҳаёт ва фаъолият, сабку услуби шоир, шеъри наву насри созанда, осори гаронарзиши устод аз қабили “Намунаҳои адабиёти тоҷик”, “Одина”, “Мактаби кӯҳна”, “Ғуломон”, “Марги сутхӯр”, нақши устод Садриддин Айнӣ дар нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ва арзишҳои миллӣ маъруза намуданд.

Дар фаровард, донишҷӯёни ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик аз осори устод Айнӣ шеърҳо ва ҳамчунин чанде гуфторҳои бузургонро дар ситоиши устод Айнӣ қироат намуданд.