ТАШРИФИ МЕҲМОНОНИ БРИТАНИЯИ КАБИР ВА ИРЛАНДИЯИ ШИМОЛӢ БАДОНИШГОҲ

Имрӯз, 15 апрели соли 2026, дар доираи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва густариши равобити дуҷониба, меҳмонон аз Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ташриф оварда, бо ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода мулоқот анҷом доданд.

Ба ҳайати меҳмонон Сафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон, Директори оид ба Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Крис Аллан, ва намояндаи Сафорати Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Раҳмонов шомил буданд.

Зимни мулоқот, ректор, профессор Жило Гулназарзода меҳмононро ба Донишгоҳ хайрамақдам гуфта, оид ба ҳамкориҳои созанда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир дар самти илму маориф ибрози назар намуда, ҳамзамон дар бораи муассиса ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан забони англисӣ, маълумот ироа кард.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳо дар самтҳои таҳсилот, табодули таҷриба, татбиқи барномаҳои муштарак, баланд бардоштани сатҳи тахассусии омӯзгорон ва мутахассисон, инчунин ҷалби шарикони байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба роҳандозии ташаббусҳои муштарак, аз ҷумла барномаҳои омӯзишӣ, чорабиниҳои илмӣ ва машваратӣ баррасӣ гардиданд.

Дар фароварди мулоқот, аз ҷониби раёсати Донишгоҳ ба меҳмонон китоби мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» дар тарҷумаи забони англисӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.