15-уми апрели 1878 дар деҳаи Соктареи музофоти Ғиждувони аморати Бухоро, дар оилаи усто Саидмуродхоҷа (устои санги осиётарош), тифле ба олам омад, ки баъдҳо намоде аз матонат ва устуворию размандагӣ гашт. Чун ба илму дониш аз хурдсолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир кард, падараш ба ӯ насиҳат дод: «Хон, писарам…, аммо имому муфтию қозӣ нашав, мударрис шавӣ майлат». Ба мадраса рафт, хонд, ба ибораи худаш «талабаи мадрасаҳои Бухоро» буд ва азобу уқубати рӯзгори донишандӯзиро ба гӯшту устухони худ санҷид. Шаҳди суҳбати бузургон ва заҳри дидори нокасонро чашид. Барномаи мадрасаҳои Бухоро ба қавли Ҳетченс «тамоман таҳти таъсири суннатҳои ифротии мазҳабӣ ва такяи онҳо бар ҳифз кардани тӯтивори матолиб буд, з-ин рӯ сабаби дилсардии Айнӣ аз шеваи омӯзиши ин мадрасаҳо шуд, пас ба мутолиоти озод рӯй овард». Дар доираи ҳамин «мутолиоти озод» ӯ ашъори шоирони классик, китобҳои таърих ва осори ҳикмату фалсафаро омӯхт. Хусусан, осори Ибни Синоро мутолиа мекард. Бузург гашт, ба гуфтаи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино «Бузург гаштаму майдон фарох нест маро, Фузуд қимати ман, муштарист нопайдо». Ин шахси наҷиб кӣ буд, ки ӯро «ин мударриси файласуф ҷавононро аз роҳ мезанад» гуфта, сарзаниш мекарданд ва ба «иттиҳоми ҷадидӣ» ҳафтод дарра бар тахтапушташ заданд.
Ин ҷавонмард Садриддин Айнӣ (1878-1954) буд, ки ӯро файласуфи саршиноси тоҷик К.Рустамов дар китоби «Фалсафаи тоҷик» чунин тавсиф кардааст: «Адиби барҷаста, олими маъруф ва арбоби намоёни давлатӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон». Асарҳои шоиставу пурмазмуни ӯ на танҳо дар самтгириву таҳкими раванди худшиносӣ ва Ғояи миллӣ, ҳамчунин дар рушди ҷаҳонбинӣ ва афкори иҷтимоӣ-сиёсии халқи тоҷик низ беназир аст. Садриддин Айнӣ ҳамчун муборизи фидоии зиёиёни тоҷик барои исботи ҳастиву бақопазирии халқи худ ва суботу пойдории он ҷаҳду талошҳои нотакроре кардааст. Вай бо дарназардошти фазои буҳронии сиёсӣ ба исботу ҳифзи фаҳанги ҳастӣ, қадимият, ғановат ва азамати таърихи илму тамаддун ва адабиёту маънавиёти тоҷикон пардохтааст. Асари маъруфу пурарзиши устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» мебошад, ки дар ҳастиву бақопазирӣ ва асолату ҳуввияти халқи шарифи тоҷик саҳми бузурги таърихӣ ва фарҳангӣ гузоштааст. Устод Айнӣ тавассути ин асараш доир ба таърихи афкори иҷтимоӣ-сиёсии халқи тоҷик ва кишварҳои ҳамзабону ҳамҷувори он маълумоти пурарзишу ҳамаҷониба додаст. Ҳамчунин, устод ба воситаи асарҳои маъруфи худ сохти давлатдории аморати Бухороро сахт танқид намуда, таназзул ва ҷаҳолатмандиву истибдодпешагии амирони манҒитиро қотеъона маҳкум менамояд. Вай мӯътақид буд, ки дастбакорони амир, ашрофон ва тамоми зимомдорони ҳукумат набояд ба айшу ишрат ва зулму истибдоди омма мубтало бошанд. Ҳукуматдорон бояд афроди одилу оқил ва раиятпарвар бошанд.
Фақат дар чунин маврид давлат рушд мекунад ва кишвар обод мешавад.
Масъалаи тарғиби илму дониш ва мактабу маориф низ дар афкори иҷтимоӣ-сиёсии Садриддин Айнӣ мақоми хоса дорад. Вай илму донишро муҳимтарин воситаи рушди ҷомеа медонист. Бинобар ин, аз давлатдорон талаб менамуд, ки ба тараққиёти бемайлони илму маориф бештар рӯ биоранд.
Устод Айнӣ тавонистааст, иллатҳои зулму асорат, ҷаҳолату таассубзадагӣ, зиддияту муқовиматҳои байни табақаҳои гуногуни иҷтимоиро сареҳан ифшо созад ва саъйю ибтикор барои дарёфти роҳу воситаҳои аз байн бурдани чунин низоъҳо намудааст. Вай доир ба роҳу воситаҳои фатҳи масъалаҳои пурихтилоф ва муқовиматомези иҷтимоии ҷомеа андеша намуда, муборизаи фаъоли сиёсиро фатҳсозандаи ҳалли мушкилот ҳисобида, инқилобро роҳи ниҳоии комилан бартараф сохтани зулму ҷаҳолат медонад.
Устод Айнӣ, ки дар даврони салтанати аморати Бухоро азобу шиканҷаҳои зиёд кашида буд, бо тамоми ҳастиаш истиқрори сохти нави ҷамъитиро ҷонибдор буд. Вай тарафдори сохте буд, ки аз зулму асорат ва ҷаҳолату истибдод озод бошад.
Гузашта аз ин, мутафаккири маорифпарвар инқилобро роҳи асосии тантанаи ақлу адл ва меъёри адолатмандӣ дониста, мардуми бенаворо барои музаффариятҳо дар инқилоб сидқан истиқбол менамуд. Шеъри «Марши ҳуррият»-и ӯ далели возеҳи ин гуфтаҳост.
Баъд аз ҳурият, ба қавли худи устод Айнӣ «Инқилоби ӯктабр», ӯ ба сафи ҳизби коммунист дохил карда мешавад ва аз тарафи мақомоти ҳукуматии ҳамондавра мансабҳои муҳимми давлатиро ишғол кард.
Аз муҳимтарин вазифаҳо ва унвону нишонҳое, ки устод Айнӣ касб кардаанд, метавон инҳоро номбар кард:
– Раиси анҷумани таърих ва адабиёт (1920);
– Узви кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Бухоро (1923);
– Узви кумитаи иҷроияи марказии Тоҷикистон (1929);
– Дарёфти нишони «Байрақи Сурх» (1934);
– Намояндаи Шурои Олии Самарқанд ва Душанбе (1934-1940);
– Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1940);
– Намояндаи Шурои Олии Тоҷикистон (1937-1947);
– Дарёфти се «Медали Ленин» (1941 – 1948 – 1949) ва Ғайра.
– Раиси Академияи Улуми Тоҷикистон (1951);
– Намояндаи Шӯрои Олии ИҶШС (1954);
Ин марди наҷиб дар ташаккул, пешрафт ва рушди миллати тоҷик хизматҳои шоёне кард. Дар қатори арбобони давлат ва сиёсати ҳамон давра барои инкишофи ҳамаҷонибаи миллати тоҷик ҷоннисориҳо намуд. Аммо бо вуҷуди ин баъзе кӯрдилон ба зиндагии ӯ халал расониданд, «Намунаи адабиёт»-ашро сӯхтанд ва ниҳоят соли 1937 анқариб «аз байн бардошта» мешуд, ки бо дастгирии бевоситаи Бобоҷон Ғафуров ва Абулқосим Лоҳутӣ ҷон ба саломат бурд.
Баъд аз соҳибистиқлол гаштани кишвари азизамон, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 8-уми сентябри соли 1997 ба Асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.
Муҳаммадсалим Азизмуродов, муаллими калони кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ.