Ба муносибати Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, ки ҳамасола 18 май таҷлил мегардад, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва фароғатӣ баргузор гардид.
Шоми 18 майи соли 2026 дар Осорхонаи миллӣ чорабинии идона таҳти унвони «Шабе дар Осорхона» доир шуд, ки дар он омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолона иштирок намуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки осорхонаҳо ҳамчун махзани таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ нақши муҳим доранд. Маҳз тавассути осорхонаҳо мероси гаронбаҳои ниёгон ҳифз гардида, барои омӯзишу шинохти наслҳои оянда пешниҳод мешавад.Дар доираи барномаи «Шабе дар Осорхона» иштирокчиён аз харитаи «Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон», инчунин, аз толору шуъбаҳои намоишии Осорхона, аз ҷумла, бахшҳои «Ҳахоманишиҳо», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», «Бунҷикат», гӯшаи «Дайри буддоии Аҷинатеппа», «Сомониён», «Сиккаҳо», шуъбаи таърихи нав ва навтарин ва толори «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» боздид намуданд.
Ҳамчунин, омӯзгорону донишҷӯён бо китобу дастхатҳои нодир ва ёдгориҳои арзишманди даврони Сомониён шинос гардида, намунаҳои нодири ҳунари кандакорӣ рӯи чӯб, инчунин, муҷассамаҳои таърихии «Мақбараи Сомониён» ва «Мақбара ва мадрасаи Хоҷа Машҳад»-ро тамошо карданд.
Чорабинии «Шабе дар Осорхона» барои иштирокчиён имконияти хубе фароҳам овард, то бо таъриху фарҳанги куҳан ва мероси тамаддуни миллати тоҷик аз наздик ошно гарданд.


