Факултети забон ва адабиёти рус

Факултети забон ва адабиёти рус

Донишгоҳ дар асоси Донишкадаи педагогии забон ва адабиёти руси Тоҷикистон ба номи А. Пушкин дар моҳи августи соли 1980 асос дода шуда, факултети забон ва адабиёти рус аз рӯзи ташкил ёфтани ин донишгоҳ кору фаъолият мекунад. Имрӯз факултаи забон ва адабиёти рус барои омода намудани мутахассисони баландтаҷриба нақши назаррас мебозад. Дар факултети забон ва адабиёти рус забони русӣ дар рушди таърихӣ ва хусусиятҳои муосири он, адабиёти рус, инчунин, нозукиҳои методикаи таълими забони русӣ тадрис дода мешавад.

Бори аввал ба ин Донишгоҳ аз рӯйи ихтисосҳои забон ва адабиёти рус ва забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ донишҷӯён қабул карда шуданд, ки ҳоло дар факултет ихтисосҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҳасанзода Шаҳло Раҳмон

Вазифа: Декани факултет;
Дараҷаи илмӣ: Номзади илмҳои филологӣ;
Унвони илмӣ: Дотсент;
Тахассус: Омӯзгори забони русӣ;

Бобобекзода Меҳроҷидини Абдуҷалил

Вазифа: Сармушовири академии факултет;
Дараҷаи илмӣ: Доктор аз рӯи ихтисос (PhD);
Телефон: (+992) 907 71 76 74;
Нишонии электронӣ: mbobobekzoda@gmail.com;

Кабиров Дорошоҳ Мирзомуддинович

Вазифа: Мушовири академии факултет;
Дараҷаи илмӣ: Мутахассис;
Телефон: (+992) 907 17 03 29;
Тахассус: Омӯзгори фанни омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ;

Дар назди факултети забон ва адабиёти рус айни замон 4 кафедра фаъолият менамояд.

Кафедраи забоншиносии умумӣ

Кафедраи забони русӣ

Кафедраи назария ва таърихи адабиёти рус

Кафедраи методикаи таълими забони русӣ

Барои омода намудани омӯзгорони забони русӣ ва мутахассисони соҳаи забони русӣ дар факултети забон ва адабиёти рус ихтисосҳои зерин амал мекунанд, ки аз акридитатсияи байналмилалӣ гузаштаанд ва хатмкунандагони ин ихтисосҳо дипломи дараҷаи байналмилалиро соҳиб мегарданд:

Ҳоло дар факултети забон ва адабиёти рус аз рӯйи ихтисосҳои номбаршуда зиёда аз 500 донишҷӯ на танҳо аз ҳисоби аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки аз кишварҳои ҳамсоя низ таҳсил мекунанд. Ҳамзамон,  аз рӯйи ихтисосҳои омӯзгории номбурдашудаи факултет дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ низ донишҷӯён таҳсил менамоянд.

Дар факултети забон ва адабиёти рус Ҷамъияти илмии донишҷӯён (ҶИД) фаъолият менамояд, ки иштирокчиёни ин ҷамъият пайваста дар озмӯнҳои ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд.

Дар назди факултет Маркази омӯзиши забони русӣ, Китобхона (бо мавҷудияти 900 адад китобҳои илмию – бадеӣ аз хориҷи кишвар) ва синфхонаи лингофонӣ фаъолият мекунад.  

Маркази рушди забони русӣ дарҳои худро ба рӯи ҳар касе, ки мехоҳад забони русӣ ва фарҳанги русро омӯзад, боз кардааст. Ҳамчунин, дар факултети забон ва адабиёти рус маҳфилу ҷамъомадҳои илмию фарҳангӣ, аз қабили “Русское слово”, “Лингвист”, “Омӯзгори ҷавон” ва “Пушкинский дом” фаъолият менамоянд. 

Баҳри кумак ба донишҷӯён дар татбиқи самти коммуникативии таълим дар факултет синфҳои компютерӣ бо воситаҳои аудиовизуалӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Факултети забон ва адабиёти рус довталабонро барои таҳсил аз рӯйи ихтисосҳои амалкунанда даъват менамояд. Довталабон метавонанд тавассути Маркази миллии тестӣ ба ихтисосҳои зикршуда ҳуҷҷат супоранд.

Дар факултет барои донишҷӯён тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои муосир, китобхона, марказҳои омӯзишӣ ва имкониятҳои рушди илмӣ фароҳам оварда шудааст. Хатмкунандагон соҳиби донишу малакаҳои муосир гардида, метавонанд ҳамчун омӯзгор, тарҷумон ва мутахассиси соҳаи забон фаъолияти касбиро пеш баранд.