Факултети муносибатҳои байналмилалӣ

Факултети муносибатҳои байналмилалӣ

Донишгоҳ дар асоси Донишкадаи педагогии забон ва адабиёти руси Тоҷикистон ба номи А. Пушкин дар моҳи августи соли 1980 асос дода шуда, факултети забон ва адабиёти рус аз рӯзи ташкил ёфтани ин донишгоҳ кору фаъолият мекунад. Имрӯз факултаи забон ва адабиёти рус барои омода намудани мутахассисони баландтаҷриба нақши назаррас мебозад. Дар факултети забон ва адабиёти рус забони русӣ дар рушди таърихӣ ва хусусиятҳои муосири он, адабиёти рус, инчунин, нозукиҳои методикаи таълими забони русӣ тадрис дода мешавад.

Бори аввал ба ин Донишгоҳ аз рӯйи ихтисосҳои забон ва адабиёти рус ва забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ донишҷӯён қабул карда шуданд, ки ҳоло дар факултет ихтисосҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар факултет 84 муаллими пуртаҷриба ва мутахассисони баландихтисос дар соҳаи филологияи рус, аз он ҷумла 2 профессор, 24 номзади илм ва дотсент, 18 муаллими калон кор мекунанд.

Снимок экрана 2026-05-23 083613

Ҳасанзода Шаҳло Раҳмон

Вазифа: Декани факултет;
Дараҷаи илмӣ: Номзади илмҳои филологӣ;
Унвони илмӣ: Дотсент;
Тахассус: Омӯзгори забони русӣ;

Бобобекзода Меҳроҷидини Абдуҷалил

Вазифа: Сармушовири академии факултет;
Дараҷаи илмӣ: Доктор аз рӯи ихтисос (PhD);
Тахассус: ;

Снимок экрана 2026-05-23 084159

Кабиров Дорошоҳ Мирзомуддинович

Вазифа: Мушовири академии факултет;
Дараҷаи илмӣ: Мутахассис;
Тахассус: Омӯзгори фанни омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ;

Дар назди факултети забон ва адабиёти рус айни замон 4 кафедра фаъолият менамояд.

-

Вазифа: Мудири кафедра;
Дараҷаи илмӣ: -;
Унвони илмӣ: -;
Тахассус: -;

Тағозода Ганҷина Эргаш

Вазифа: Мудири кафедра;
Дараҷаи илмӣ: Номзади илмҳои педагогӣ;
Унвони илмӣ: Дотсент;
Тахассус: Муаллими забон ва адабиёти рус;

ТАЪРИХИ КАФЕДРА

Кафедраи методикаи таълим соли 2011 таъсис ёфтааст. Асосгузори кафедраи методикаи таълим аълочии маорифи халқ, методисти категорияи олӣ, номзади илми педагогӣ, дотсент Барно Ашӯрова буд, ки аз таъсисёбӣ то соли 2014 роҳбарии кафедраро ба ӯҳда дошт.

Кафедраи методикаи таълим (собиқ кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёт) дар назди факултети филологияи руси Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо Қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.04.2006 №8/4 ва Қарори Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода №1 аз 26.08.2011 таъсис дода шуда буд. Аз солҳои аввали таъсисёбӣ фаъолияти асосии кафедра барои тайёр намудани мутахассисони ояндаи омӯзгорӣ аз забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва чинӣ равона карда шуда буд.

Фаъолияти кафедра дар асоси Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда шуда буд.

Соли 2014 бо Қарори Шӯрои олимони донишкада(ДБЗХТ) ба номи Сотим Улуғзода, 28.08.2014, №1 ду кафедра (кафедраи методикаи таълим ва кафедраи педагогика ва психология) муттаҳид карда шуда, аз 1 октябри соли 2014 ҳамчун кафедраи педагогика, психология ва методикаи таълим унвон гирифт ва фаъолияти худро давом дод. Дар ҳайати кафедра дар ин давра 18 устод фаъолият мекарданд. Аз моҳи сентябри соли 2023 кафедра фаъолияти худро дар алоҳидагӣ  бо номи “Кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус”, оғоз намуда то ин ҷониб боқӣ монд.

Кафедраро дар солҳои гуногун мутахассисони зерин роҳбарӣ намуданд:

  1. Ашӯрова Барно, н.и.п., дотсент (2011-2014; 2015-2016),
  2. Товбаева Мавлуда Мусулмоновна, н.и.п., дотсент (2014-2015),
  3. Шарипов Муҳсин, н.и.п., дотсент (2017-2018),
  4. Гадоев Каримҷон Хайруллоевич, н.и.п., дотсент (2019-2022),
  5. Қосимов Олимҷон Ҳабибович, д.и.ф., профессор (2022-2023),
  6. Тағоева Ганҷина Ергашовна, муаллими калон (2023-2024),
  7. Ҷамирова Лемара Иосифовна, н.и.ф.дотсент (2025)
  8. Тағозода Ганҷина Эргаш, н.и.п.дотсент (аз моҳи январи соли 2026 то инҷониб).

-

Вазифа: Мудири кафедра;
Дараҷаи илмӣ: -;
Унвони илмӣ: -;
Тахассус: -;

-

Вазифа: Мудири кафедра;
Дараҷаи илмӣ: -;
Унвони илмӣ: -;
Тахассус: -;

Барои омода намудани омӯзгорони забони русӣ ва мутахассисони соҳаи забони русӣ дар факултети забон ва адабиёти рус ихтисосҳои зерин амал мекунанд, ки аз акридитатсияи байналмилалӣ гузаштаанд ва хатмкунандагони ин ихтисосҳо дипломи дараҷаи байналмилалиро соҳиб мегарданд:

Ҳоло дар факултети забон ва адабиёти рус аз рӯйи ихтисосҳои номбаршуда 470 донишҷӯ на танҳо аз ҳисоби аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки аз кишварҳои ҳамсоя низ таҳсил мекунанд. Ҳамзамон,  аз рӯйи ихтисосҳои омӯзгории номбурдашудаи факултет дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ низ донишҷӯён таҳсил менамоянд.

Дар факултети забон ва адабиёти рус Ҷамъияти илмии донишҷӯён (ҶИД) фаъолият менамояд, ки иштирокчиёни ин ҷамъият пайваста дар озмӯнҳои ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд.

Дар назди факултет Маркази омӯзиши забони русӣ, Китобхона (бо мавҷудияти 900 адад китобҳои илмию – бадеӣ аз хориҷи кишвар) ва синфхонаи лингофонӣ фаъолият мекунад.  

Маркази рушди забони русӣ дарҳои худро ба рӯи ҳар касе, ки мехоҳад забони русӣ ва фарҳанги русро омӯзад, боз кардааст. Ҳамчунин, дар факултети забон ва адабиёти рус маҳфилу ҷамъомадҳои илмию фарҳангӣ, аз қабили “Русское слово”, “Лингвист”, “Омӯзгори ҷавон” ва “Пушкинский дом” фаъолият менамоянд. 

Баҳри кумак ба донишҷӯён дар татбиқи самти коммуникативии таълим дар факултет синфҳои компютерӣ бо воситаҳои аудиовизуалӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Факултети забон ва адабиёти рус довталабонро барои таҳсил аз рӯйи ихтисосҳои амалкунанда даъват менамояд. Довталабон метавонанд тавассути Маркази миллии тестӣ ба ихтисосҳои зикршуда ҳуҷҷат супоранд.
Дар факултет барои донишҷӯён тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои муосир, китобхона, марказҳои омӯзишӣ ва имкониятҳои рушди илмӣ фароҳам оварда шудааст. Хатмкунандагон соҳиби донишу малакаҳои муосир гардида, метавонанд ҳамчун омӯзгор, тарҷумон ва мутахассиси соҳаи забон фаъолияти касбиро пеш баранд.