Бо ибтикори кафедраи забонҳои хориҷии умумидонишгоҳӣ нахустин маҳфили илмии донишҷӯён зери унвони “Равзанаи олами забонҳо” дар мавзуи “Забонҳои пули дӯстии халқҳо” бо роҳбарии Лола Сафиаллоева баргузор гардид.
Дар маҳфили мазкур декани факултети муносибатҳои байналмилалӣ Муҳабатшо Қобилов, масъули баргузории маҳфилҳои донишгоҳӣ Меҳриддин Тоҷиддинов, муовини сардори раёсати таълим Муҳаммадраҳим Назирзода, сардори шуъбаи мониторинги сифати таълим Зарафшон Азизова, мудири кафедраи забонҳои хориҷии умумидонишгоҳӣ Зарбахт Шоназаров ва омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.
Дар идома, донишҷӯён бо маърузаҳои пурмуҳтаво, саволу ҷавобҳо, виктаринаҳо дар мавзуъи “Муносибатҳои дипломати байни давлатҳои хориҷа” баромад карда, ба ҳозирин дар бораи забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши он маълумоти ҷолиб ироа намуданд.
Дар охир, декани факулта Муҳаббатшо Қобилов, муовини сардори раёсати таълим Муҳаммадраҳим Назирзода ва сардори шуъбаи мониторинги сифати таҳсилот Зарафшон Азизова зимни баромад, доир ба баргузории нахустин маҳфили “Равзанаи олами забонҳо” сухан карда, иброз намуданд, ки баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ барои баланд бардоштани сатҳи донишҳо ва малакаҳои донишҷӯёни ихтисосҳои муносибатҳои байналмиллалӣ хеле аҳммияти муҳим дорад.

