ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР ФАКУЛТЕТИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба Рӯзи ҷавонон чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Ҷавонон – ояндаи дурахшони миллат» бо иштироки сардори раёсати тарбия Маҳмадсаид Ғафуров, декани факултет Муҳаббатшоҳ Қобилов, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Нахуст, зимни суханронӣ иштирокдорон аз сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа ҳамеша таҳти таваҷҷуҳу дастгирии давлату Ҳукумат қарор доранд.

Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯёни факултет барномаи рангини фарҳангиро пешкаши ҳозирин гардониданд. Қироати шеърҳо дар васфи Ватан ва ҷавонон, саҳнаҳои тарбиявӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу намоишҳои ҳунарӣ ба маҳфил шукуҳу таровати хос бахшид.

Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби роҳбарияти факултет ба як қатор донишҷӯёни фаъол ба ифтихори Рӯзи ҷавонон ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.