Факултети муносибатҳои байналмилалӣ

Факултети муносибатҳои байналмилалӣ

Факултети муносибатҳои байналмилалӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти  соли 2024 таҳти № 173 таъсис дода шуда, фаъолияи худро аз моҳи сентябри 2024  сол шуруъ кардааст. Декани он Доктори Ph.D. дар самти муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Қобилов Муҳаббатшо Замирович таъин гардиданд.

Дар факултети муносибатҳои байналмилалӣ донишҷӯён аз рӯйи 4 ихтисос: таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (муносибатҳои сиёсии беруна), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (сайёҳии байналмилалӣ), муносибатҳои байналмилалӣ, психология дар шакли таҳсили шартномавӣ ва буҷавӣ дар зинаи бакалавр ба таҳсил  фаро гирифта шудаанд.

Дар сохтори факултет 3 кафедра фаъолият менамоянд:

  • муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқ шомили 4 ихтисос (26 фанни таълимӣ),
  • фалсафа ва сиёсатшиносӣ (22 фанни таълимӣ)
  • психология шомили 2 ихтисос (9 фанни таълимӣ)

Имрӯз дар Факултети муносибатҳои байналмилалии ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода  30 нафар омӯзгорону кормандон кору фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 3 нафар доктори илм, профессор, 8 нафар номзади илм, дотсентон мебошанд.

Факултети муносибатҳои байналмилалии ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода яке аз марказҳои асосӣ ва пешбари таҳсилоти олии касбии муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар самти омода кардани мутахассисони болаёқати соҳаи равобити байналмилалӣ, таҳқиқу омӯзиши паҳлуҳои гуногуни масоили мубрами сиёсати хориҷӣ саҳмгузор мебошад. Факултети муносибатҳои байналмилалӣ  дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба тайёр кардани кадрҳо, иҷрои барномаву стандартҳои давлатӣ ҳамчун сохтори таркибии ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода фаъолият намуда, таъмини устувор ва босифати кадрҳоро дар мақомоти сиёсати хориҷӣ, таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ, муносибатҳои сиёсии беруна, сайёҳии байналмилалӣ амалӣ месозад.

Қобилов Муҳаббатшо Замирович

Вазифа: Декани факултет;
Дараҷаи илмӣ: Доктор PhD;
Унвони илмӣ: Дотсент;
Тахассус: ҳуқуқшинос, забоншинос, муносибатҳои байналмилалӣ;

Халифаев Фазлиддин Нусратуллоевич

Вазифа: Сармушовири академии факултет;
Дараҷаи илмӣ: ;
Тахассус: ;

Ғуломова Шабнам Қудратовна

Вазифа: Мушовири академӣ;
Дараҷаи илмӣ: ;
Тахассус: ;

Қурбонова Дилноза Муродалиевна

Вазифа: Коргузори факултет;
Дараҷаи илмӣ: ;
Тахассус: ;

Дар назди факултети муносибатҳои байналмилалӣ айни замон се кафедра амал менамояд.

Кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқ

Кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ

Кафедраи психология

Дар факултети муносибатҳои байналмилалӣ донишҷӯён аз рӯйи 4 ихтисос: таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (муносибатҳои сиёсии беруна), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (сайёҳии байналмилалӣ), муносибатҳои байналмилалӣ, психология дар шакли таҳсили шартномавӣ ва буҷавӣ дар зинаи бакалавр ба таҳсил  фаро гирифта шудаанд.