Имрӯз, 12 – уми октябри соли 2026, дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе, Маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол–2026» миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Маврид ба тазаккур аст, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҷлили 35-солагии таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид.
Боиси хушнудист, ки Меҳрона Шоймардонова — донишҷӯи курси сеюми факултети равияи забони англисии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар ин озмун иштирок карда, сазовори ҷойи 3 – гардид.
Ин дастоварди муҳим ба омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода муборак бошад!

