Воқеан, ҳастии ҳар қавму миллат дар ҳамаи давру замон забони модарии ӯст, ки на танҳо таъриху фарҳанг, анъана, балки дар маҷмуъ асолати ҳастии он миллатро ҷилвагар мекунад. Пас, ҳастии миллати куҳанбунёди тоҷик низ бидуни шак забони ширину шевои шоиронаи тоҷикист.
Хушбахтона, Истиқлоли давлатӣ барои устуворӣ ва пояндагии забони давлатии мо шароит ва имконоти мусоид фароҳам овард.
Муҳимтар аз ҳама, дар рӯзгори соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ таҳкиму устувории бештар ёфт, пуштибони сиёсӣ пайдо кард ва дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди истифодаи густурда қарор гирифта истодааст.
Баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ дар кишвар ва ноил гардидан ба пешравиҳои назаррас дар роҳи бунёди давлати миллӣ зарурат пеш омад, ки Қонуни забон, ки пештар аз даврони Истиқлол таҳия ва ба тасвиб расида буд, мавриди бознигарӣ қарор дода шавад. Аз ин хотир, дар таърихи 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав ба тасвиб расид ва ин сана рӯзи гиромидошти забони давлатӣ муқаррар гардид, ки минбаъд ҳамасола дар кишвар таҷлил карда мешавад.
Қонуни мазкур дар асоси меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ таҳия шуда, вазъи ҳуқуқӣ, доираи корбурд ва дурнамои рушди забони давлатиро дар қаламрави ҷумҳурӣ дар давраи Истиқлоли давлатӣ ва шароити нави дигаргуниҳои бузурги сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар ҳаёти дохилӣ ва хориҷӣ танзиму муқаррар менамояд.
Бо муҳайё шудани имкону шароити бештар дар кишвар давра ба давра барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тасвиб ва амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки дар таърихи 29 ноябри соли 2020 аз тарафи Раиси муҳтарами Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, дурнамои рушди забони давлатиро барои даҳ соли оянда дар бар гирифта, ба татбиқи муваффақонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона гардидааст. Ҳадафу вазифаҳои барномаи мавриди назар асосан, нигоҳ доштани асолат ва ҳувияти забони модарӣ ба сифати омили ҳастӣ ва бақои миллат дар замони мо мебошад.
Бояд қайд намоем, ки сабаби наҷоти забони тоҷикӣ, пеш аз ҳама, соҳибихтиёрии кишварамон мебошад, ки дар ин давра забони тоҷикро ҳамчун забони расмии кишвар устувор ва пойдор нигоҳ дошт.
Имрӯзҳо миллати тоҷик соҳибихтиёр ва соҳибистиқлол буда, дар баробари дигар арзишҳои миллӣ забони ниёгони бузургу арҷмандамонро сардафтари ҳастии миллат эълон намуд ва он дар Конститутсияи кишварамон ҳамчун забони давлатӣ дарҷ гардидааст.
Фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои танзими истилоҳоти нав ҷоннок кард.
Омили дигари рушди забони тоҷикӣ дар мамлакат ин забони илм эълон гардидани он аст. Таъсиси Комиссияи Олии Аттестатсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таълифу дифои рисолаҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ барои ба пояи забони илми муосир расидани забони мо роҳ боз кард. Имрӯзҳо муҳаққиқони мо бевосита ба забони модарии худ рисолаҳои илмии худро дифоъ намуда истодаанд.
Тарҷумаи асарҳои илмию бадеӣ мустақиман аз забони асл яке аз нишондиҳандаҳои муҳимтарини истиқлолияти фарҳангӣ ва забонии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ мебошад.
Дар давраи шуравӣ аксари асарҳои ҷаҳонӣ, чи бадеӣ ва чи илмӣ ба забони тоҷикӣ бевосита не, балки тавассути забони миёнарав (забони русӣ) тарҷума мешуданд. Ин раванд, масъалаҳои зеринро ба миён меовард:
Ҳангоми тарҷума аз забони миёнарав баъзе тобишҳои маъноӣ ва назокати забони асл гум ё таҳриф мешуданд. Забони тоҷикӣ дар муаррифии адабиёту илми ҷаҳонӣ ҳамеша ба вожагони забони русӣ то андозае зарурат дошт.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ин вазъият ба таври назаррас тағйир ёфт.
Дар ин давра насли нави мутарҷимон ва муҳаққиқоне ба миён омаданд, ки забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, арабӣ, туркӣ, чинӣ ва дигар забонҳоро хуб медонанд. Ин имкон дод, ки шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳонӣ ва мақолаву китобҳои илмӣ бевосита аз забони аслиашон ба тоҷикӣ тарҷума шаванд. Сохтори асар ва мақсади аслии муаллиф беҳтар ҳифз гардида, ба хонандаи тоҷик бо сифати баландтар пешниҳод шавад.
Тарҷумаи бевоситаи асарҳои илмӣ дар соҳаҳои техникӣ, тиб, иқтисод ва сиёсат) забони тоҷикиро водор намуд, ки барои мафҳумҳои нави ҷаҳонӣ муодилҳои муносиб пайдо кунад. Ин раванд ба ғанигардонии захираи луғавии забони тоҷикӣ такони ҷиддӣ дод.
Аз забонҳои арабӣ ва форсӣ тарҷума ва тасҳеҳи осори илмию адабии гузаштагон, ки пештар танҳо тавассути тарҷумаҳои русишиносон дастрас буданд, мустақиман ба забони тоҷикӣ имкон дод, ки мероси таърихӣ ва фалсафӣ саҳеҳтар ва бе таҳриф ба дасти хонанда расад.
Нашри луғатномаҳои тафсирӣ, соҳавӣ ва электронӣ дар замони соҳибистиқлолӣ яке аз нишондиҳандаҳои барҷастатарини соҳибдавлатӣ ва рушди забони тоҷикӣ мебошад. Ин раванд ба забони давлатӣ имкон дод, ки аз доираи истифодаи рӯзмарра баромада, ба забони пурраи илм, сиёсат ва технология табдил ёбад.
Перомуни ин самт чанд нуқтаи калидиро метавон қайд кард:
Дар давраи соҳибистиқлолӣ зарурати таҳияи фарҳангҳое ба миён омад, ки вожагони муосир ва таърихиро мутобиқ ба меъёрҳои забони давлатӣ фаро гиранд. Нашри «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (с. 2008, дар ду ҷилд) яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо буд. Ин луғатнома беш аз 80 ҳазор калимаю ибораҳоро ба танзим дароварда, манбаи маънои калимаҳо барои ҷомеа гардид. Ин гуна фарҳангҳо ба ҳифзи тозагӣ ва асолати забони тоҷикӣ кумак карда, истифодаи дурусти вожаҳоро дар сатҳи давлатӣ ва ахбор таъмин сохтанд.
Милликунонии аломатҳо, ҷойномҳо ва номгузорӣ (номи одамон) дигар аз нишондиҳандаҳои намоёни рушди забон дар ҷомеа мебошад. Номгузории ҷуғрофӣ (топонимика): Баргардонидани номҳои таърихиву тоҷикии шаҳрҳо, ноҳияҳо ва деҳаҳо (масалан, Ленинобод – Суғд, Ордҷоникидзеобод – Ваҳдат ва монанди инҳо). Номҳои аслии таърихию ҷуғрофӣ, ки дар умқи таърих ва забони мо реша доранд ва бар асари сиёсатҳои давр ё тағйири макони зист кардани қавму қабилаҳо дигар шудаанд, дубора эҳё гардиданд, ки дар роҳи рушду таҳкими забон ва болобурди сатҳи худшиносию худогоҳии миллии мо аҳаммияти бузург доранд.
Нашри «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ» (с. 2017, дар ду ҷилд) ба ҳифзи анъанаҳои номгузории ниёгон кумак кард. Ин омилҳо нишон медиҳанд, ки забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолӣ на танҳо як воситаи муошират, балки рамзи асосии ҳувияти миллӣ, давлатдорӣ ва тамаддуни тоҷикон гардидааст.
Давраи соҳибистиқлолӣ талаб менамояд, ки коргузории ҳамаи соҳаҳои ҳаёт: аз ҳуқуқшиносию ҳарбӣ то тиб ва иқтисод… ба забони тоҷикӣ гузаронида шаванд. Барои ин фарҳангҳои соҳавии тахассусӣ эҷод шуданд.
Фарҳангҳои истилоҳоти ҳуқуқшиносӣ, дипломатӣ, техникӣ, тиббӣ, маъмурӣ ва монанди инҳо таълиф шуданд, ки ба сохтани забони расмиву коргузорӣ замина гузоштанд. Истилоҳоти ҳамин соҳаҳо ба забони тоҷикӣ тарҷума ё мутобиқ шуда истоданд.
Имрӯз рушди забон бе фазои маҷозӣ ғайриимкон аст. Дар ин давра қадамҳои аввалин ва ҷиддӣ дар рақамикунонии забон бардошта шуданд. Фарҳангҳои тафсирӣ ва дузабона (тоҷикӣ-англисӣ, тоҷикӣ-русӣ) ба шакли барномаҳои компютерӣ ва сомонаҳои онлайнӣ (монанди https://vazhaju.tj/ (вожаҷӯ) ё сомонаҳои дигар) дастраси ҳамагон гардиданд. Ҳамгироии забони тоҷикӣ ба платформаҳои ҷаҳонӣ (монанди Google Translate ва дигар захираҳои луғавии электронӣ) дастрасии байналмилалиро ба забони мо осонтар кард.
Танзими махзанҳои рақамии матнҳо барои таҳқиқоти забоншиносии компютерӣ замина гузошт.
Бояд тазаккур дод, ки нашри ин луғатномаҳо чанд аҳаммияти стратегӣ дорад:
- Забони тоҷикӣ исбот кард, ки қодир аст тамоми мафҳумҳои муосири ҷаҳониро ифода кунад.
- Барои донишҷӯён ва муҳаққиқон имконият фароҳам омад, ки бе муроҷиат ба забонҳои дигар адабиёти илмиро бо забони модарӣ омӯзанд.
- Мавҷудияти луғатҳои электронӣ кафолат медиҳад, ки забони тоҷикӣ дар асри иттилоот аз рақобати ҷаҳонишавӣ ақиб намонад.
Нақши воситаҳои ахбори омма ва фазои рақамӣ ниҳоят муассир аст. Таъсиси телевизионҳои соҳавӣ (ба монанди «Илм ва табиат», «Шаҳнавоз» ва ғ.), радиоҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ фазои ахбориро барои ягонагии забони адабӣ кумак намуда истодаанд.Танзими навиштаҷоти лавҳаҳо, эълонҳо ва реклама мутобиқ ба меъёрҳои забони адабӣ сурат гирифта истодаанд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба омӯзиши хатти ниёгон афзоиш ёфт. Манбаъҳои аслии адабиёти классикии форсу тоҷик (шоҳкорҳои устод Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдию Ҳофизи Шерозӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарон) мустақиман ва бе воситаҳои дигар мавриди таҳқиқу нашри дубора қарор гиранд. Забони муосир бо сохтор, вожагон ва ибораҳои зебои адабиёти классикии худ пайванди қавитар пайдо мекунад.
Бедоршавии шуури миллӣ ва худшиносӣ. Аз ҳама омили муҳим ин тағйири муносибати худи ҷомеа ба забони модарӣ буд. Истиқлол ба мардум эҳсоси ифтихор аз таърих, адабиёт ва забони худро бахшид. Ниёз ба омӯзиши таърихи адабиёти классикию муосир ва асарҳои ниёгон боиси он гардид, ки забони тоҷикӣ дар ҳаёти рӯзмарра ва касбии шаҳрвандон ҷойи меҳвариро ишғол кунад.
Ҳамин тавр, забони тоҷикӣ дар зарфи сиву панҷ соли Истиқлоли давлатӣ муҳимтарин омили ваҳдат ва сарҷамъии миллат гардид ва бори дигар матлаби бинои ҳастӣ ва бақову пойдории миллат будани забонро ба ваҷҳи аҳсан ба исбот расонд.
Хулоса, забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлоли давлатӣ ва бунёди давлати миллӣ дар самти пешрафту боландагӣ, бақову пойдорӣ, устуворию мондагорӣ ва ба марҳалаи нави рушд ворид шудани он нақши Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳварӣ арзёбӣ мешавад.
Ин омилҳо нишон медиҳанд, ки забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолӣ на танҳо як воситаи муошират, балки рамзи асосии ҳувияти миллӣ, давлатдорӣ ва тамаддуни тоҷикон гардидааст.
НАСРУЛЛОЗОДА Муҳаммад, дотсенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ.