БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ НАМОИШИ КИТОБ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз, 5 октябри соли 2026 бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо ибтикори Корхонаи воҳиди давлатии “Таъминот ва савдои китоб” намоиш – фурӯши китоб, баргузор шуд, ки дар он омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ фаъолона ширкат намуданд.

Ҳадаф аз баргузории намоиш – фурӯши китоб ин тарғиби фарҳанги китобхонӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба мутолиаи китоб ва муаррифии дастовардҳои соҳаи нашр буда, дар намоиш-фурӯш китобҳои чопии муассисаҳои нашриявии Вазорати фарҳанг, аз ҷумла Муассисаҳои нашриявии “Адиб”, “Ирфон”, “Адабиёти бачагона”, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи тоҷик ва дигарон пешкаши ҳаводорони китоб гардониданд.

Омӯзгорону донишҷӯён дар ин намоиш ширкат карда, аз китобҳои тозанашр ва мондагори адибону муҳаққиқони кишвар баҳравар гардиданд.