МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ШИРКАТИ НАМОЯНДАГОНИ ИТТИФОҚИ ҶАВОНОН

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо ташаббуси Ифттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 5 октябри соли 2026 бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ мулоқоти судманд баргузор гардид.

Дар оғоз муовини ректор оид ба тарбия Лайлӣ Шарифзода баромад карда, вобаста ба арзишҳои миллӣ, сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳандозии имконоту шароитҳои муфид барои ҷавонон дар муассисаҳои олӣ ва таҳкими сулҳу субот дар кишвар сухан намуда, ҷавононро ба меҳандӯстиву ватанпарастӣ даъват кард.

Роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Турсунзода Раҷабалӣ зимни ироаи сухан ба ҷавонон изҳор дошт, ки шукронаи ин сарзамин намоянд, дар пайравии сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувор бошанд. Ба қадри заҳматҳои бесобиқаи омӯзгорон бирасанд ва ҳамчунин забони тоҷикиро поку беолоиш нигоҳ доранд. Дар муассисаҳои олӣ бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, соҳибтахассус гардида, ба миллату давлат содиқона хизмат намоянд.

Дар поёни мулқот, пас аз музокираҳои судманд аз ҷониби иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба омӯзгорони фаъол ва донишҷӯёне, ки дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намудаанд, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.